Фарри каёнӣ

Дар дунё ҳеҷ қавм, ҷомеа ва умматеро наметавон ёфт, ки ҷашн ё оини баргузории идеро надошта бошад. Дар радифи ин ҷашнҳо Наврӯз аз муҳимтарину зеботаринҳост, ки зи дурии замонаҳо расидааст.

Наврӯз рӯзи нав аст. Бо фаро расидани он рӯз, фасл, сол илҳоми нав мегирад, рӯзу шаб баробар мегардад. Наврӯз рӯзи тавлиди дубораи ҳаёт ва ҳама мавҷудоти рӯи замин аст. Ҳазорон сол инҷониб онро мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ҳеҷ ҷашн чун Наврӯз собиқаи тӯлонӣ надорад. Бо Наврӯз мо расму оин, анъанаҳои некамонро нигоҳ доштем ва барои ояндагон низ пос медорем. Вожаи Наврӯз гувоҳӣ аз забони поку нобу ширину фасеҳи мо медиҳад. Ифтихори мост, ки ин вожа ба дигар забонҳои олам гузаштааст ва ҳам Наврӯзро бо ҳамин ном ҷашн мегиранд. Барои эҳёи он суннатҳое, ки бо замон ва эътиқоди мо созгорӣ доранд, бояд ҳар кадоме аз муҳити хонавода шурӯъ кунем, суннату маросимҳои онро гиромӣ дорем, ҳамдигарро бубахшем, кинаҳо аз синаҳо дур андозем, аз онҳое, ки миёни мо нестанд, зикри хайр намоем. Дар ин сурат мо чун ниёи бонанги худ метавонем марзҳои танзими хуҷаста-ҷашни миллиамонро тавсеъа бахшем ва бо ин роҳ фарҳангамонро ҷаҳоншумул намоем.

Мо, ҷомеаи кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳои факултети химия ва биология бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор фарорасии баҳори нозанин ва Наврӯзи хуҷастапайро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон самимона муборакбод менамоем. Бигузор дар кишвари мо ҳамеша баҳор бошад!

Ҳакимова Р.Ш. мудири кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо ва Қаюмова Д.В. донишҷӯи факултети биология ва химия


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ