Фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва амалкарди ватанфурӯшонаи роҳбарияти он
Ба эътибор гирифтан лозим аст, ки ҳамаи иддаоҳои мағруронаи ТТЭ ҲНИ хеш аслан ҳеҷ ҷойгоҳ ва пуштибони иҷтимоие дигар дар Тоҷикистон надорад, яъне дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Аз ин рӯ, раҳбарияти ТТЭ ҲНИ барои ислоҳи ин нуқтазаъфи худ ночор ба ниҳодҳо ва афроди дигарандеши тоҷик рӯй овардааст то сафҳои парешони худро мукаммал кунад, аммо афроду ниҳодҳои дигарандеши тоҷик низ дар заминаи таҷрибаи талхи пешини ҳамкорӣ бо ин ҳизби худхоҳи террористӣ дигар намехоҳанд аз як сӯрох ду бор моргазида шаванд.
Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне созмон додани чунин эътилофи бебунёд чӣ ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба шӯр оваранд. Бубинед ин муддаиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст? Не, албатта не! Ин тақозои дили чанд муддаии фазлфурӯшу иззатталаб ва ҷоҳпараст асту бас! Аммо намояндагони ин гурӯҳи тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд ва нек донанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТТЭ ҲНИ ва афроди ҳангомаҷӯи даъваткардаи онҳо низ метавон пай бурд. Ин воқеият бори дигар исбот кард, ки ТТЭ ҲНИ на фақат ҳизби миллӣ нест, балки он фақат як ташкилоти ҳангомаҷӯёну муддаиёни ҷоҳпараст ва террористон асту бас ва на беш аз ин!