​Факултети забонҳои шарқ: «Саҳми донандагони забонҳои хориҷӣ дар рушди сайёҳӣ»

Бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети забонҳои шарқ санаи 19 –уми декабри соли 2018 дар толори МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва истиқболи соли нави милодӣ чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ таҳти унвони “Саҳми донандагони забонҳои хориҷӣ дар рушди сайёҳӣ” баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро ровиёни чорабинӣ ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо мақсаду мароми чорабинӣ ошно сохтанд. Сипас, хонандагон шеъру гуфторҳои пурмазмунро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ қироат карданд. Ҳамзамон дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи донишҷӯён саҳначаҳои тарбиявӣ ба иштирокчиён пешкаш гардид.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ директори муассисаи таълимии №23-и шаҳри Хуҷанд Холшехов М. ба ташаббуси таҷрибаомӯзони донишгоҳ баҳои баланд дода, изҳори сипосмандӣ баён намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ