Факултети забонҳои шарқ: Оғози ҳафтаи забони хитоӣ
Бо ташаббуси устодони кафедраи забони форсӣ-хитоӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва ҷалб намудани онҳо ба омӯзиши забони хитоӣ дар факултети забонҳои шарқ “Ҳафтаи забони хитоӣ” эълон карда шуд.
Ҳафтаи забони хитоӣ аз санаи 20-уми феврал оғоз ёфта, то 27-уми феврали соли 2019 идома меёбад. Аз рӯзҳои аввали ҳафта донишҷӯён маҳорату малакаи худро нишон дода, даромади факултети забонҳои шарқро бо ороишоти хитоиён ва рӯзномаҳои деворӣ зебу зиннат доданд. Аз ин амали онҳо маълум буд, ки дар факултети забонҳои шарқ ҳафтаи “Ҳафтаи забони хитоӣ” амал мекунад. Дар ин ҳафта донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, маҳорати забондонию забономӯзиии худросайқал доданд.
Имрӯз бошад, дар даромадгоҳи факултети забонҳои шарқ донишҷӯён бахшида ба “Ҳафтаи забони хитоӣ” дар танаффуси калон намоиши кӯтоҳу ҷолибе иборат аз сурудҳо, хондани шеърҳо дар васфи Ватан, илму дониш, дар васфи баҳор бо забони хитоӣ диққати на танҳо донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ, балки дигар донишҷӯёнифакултетҳоро ба худ ҷалб намуд.
Хуллас, ҳафтаи забони хитоӣ дар факултети забонҳои шарқ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, донишҷӯёнро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳавасманд мегардонад.
Бигзор ин ҳафтаҳо доимо амалкунанда бошанду донишҷӯён завқу шавқи забономӯзӣ пайдо намуда, дар роҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба комёбиҳо мушарраф гарданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил