Факултети забонҳои шарқ: дарси кушоди таҷрибаомӯз

Санаи 11-уми декабри соли 2018 дар дарси кушоди таҷрибаомӯз Қурбонов А.И.-донишҷӯи соли панҷуми ихтисоси арабӣ-англисии факултети забонҳои шарқ, дар синфи 9 “б” ташкил ва гузаронида шуд. Мавзӯи дарс “My future profession” – “Касби ояндаи ман” буд. Дарс ҳамаи лаҳзаҳо, аз ҷумла“Лаҳзаи ташкили дарс”, “Лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ”, “Баёни мавзӯи нав”, “Мустаҳкамкунӣ”,“Баҳогузорӣ” ва “Супориши вазифаи хонагӣ”-ро дарбар мегирифт.

Дарси кушодро, таҷрибаомӯз Қурбонов А.И. бо зарбулмасалҳо оғоз намуда, аз хонандагон низ хоҳиш намуд, ки онҳо низ зарбулмасалҳои азбаркардаашонро қироат намоянд. Навбатдор дар бораи санаи рӯз, ҳозиру ғоиби хонандагон маълумот дод. Таҷрибаомӯз дар дафтари давомот ҳозиру ғоиби муҳассилинро қайд намуда, таъкид намуд, ки иштироки доимӣ барои хуб аз худ намудани дониши илмӣ мусоидат мекунад.

Дар лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ аз овезаҳо, варақаҳои калон, варақаҳои хурди рангоранг истифода бурд. Мавзӯи дарси гузашта “Инсони комил бояд чӣ гуна бошад?!” – “What should a person be?” буда, таҷрибаомӯз Қурбонов А.И. аз хонандагон хоҳиш намуд, ки ҷойҳои холии ҷумлаҳои мавзӯи гузаштаро бо калимаҳои мувофиқ пурра намоянд.

Синф ба ду гурӯҳ тақсим карда шуда, ба онҳо дастур дода шуд, ки дар варақаҳои калони сафед ба саволи “Чӣ гуна хислатҳоро инсони комил бояд дар худ дошта бошад?” ҷавобҳо навиштанд.Калимаҳо ба монанди “noble, honest, well-bred, kind, polite, responsible, reliable, brave…” ва ғайраҳо буданд.

Проектор ҳангоми баёни мавзӯи нав истифода бурда шуда, дар муаррифӣ номҳои касбҳо пешкаши хонадагон шуд. Касбҳои зерин дар муаррифӣ манзури хонандагон гардид: “teacher, doctor, dentest, driver, engineer, architect, writer…” .

Дар дарс бозиҳои мантиқӣ ба назар мерасид, ки тавассути он хонандагон калимаҳои навро ба тезӣ ва осонӣ аз худ менамуданд. Лаҳзаи мустаҳкамкунӣ хеле шавқовар ба роҳ монда шуда, муҳассилин фаъолона дар машғулиятҳо иштирок доштанд. Ба ҳар як муҳассилин беғаразона баҳо гузошта шуда, аз худ намудани калимаҳои нав ва барои нақл омода шудан ҳамчун супориши вазифаи хонагӣ тавсия карда шуд.

Дасри кушоди таҷрибаомӯз дар сатҳи баланд сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ