Факултети таърих ва ҳуқуқ: Вақт ва муваффақият - заминаи ташаккулёбӣ ва худшиносии ҷавонон
Санаи 14 декабри соли равон дар доираи эълон гардидани “Ҳафтаи тарғиби одоби ҳамидаи инсонӣ” аз тарафи созмони ҷавонони факултети таърих ва ҳуқуқ мизи мудаввар таҳти унвони “Вақт ва муваффақият – заминаи ташаккулёбӣ ва худшиносии миллӣ” ташкил ва гузаронида шуд. Чорабиниро декани факултет, номзади илмҳои таърих Иброҳим Ҷабборов ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки “Эълон гардидани ҳафтаи тарғиби одоби ҳамидаи инсонӣ бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ баҳри тарбияи ватандӯстӣ ва ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар замири онҳо замина фароҳам меорад”.
Сипас мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, дотсент Киромиддин Мухторов доир ба вазъи кунунии ҷаҳони муосир ибрози андеша намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ саъю талош намоянд.
Элёр Бегов – раиси созмони ҷавонони факултет дар мавзӯи “Идораи вақт ва муваффақияти ҳаёт дар асри 21”, донишҷӯёни курси якум - Расулова Маҳфузадар мавзӯи “Вақт сармояи бебаҳост”, Қосимов Далер дар мавзӯи “Ҷавонон ва самаранок истифода бурдани вақт”, Муҳаммадӣ Саидшоев – донишҷӯи курси 5-уми факултети физикаю техника дар мавзӯи “Ҷавонӣ – давраи тиллоии умр” маърӯзаҳо намуданд.
Дар қисмати дуюми мизи мудаввар ҷавонон доир ба самаранок истифода бурдани вақт мубоҳиса намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил