Факултети тарбияи ҷисмонӣ: Ташаккули донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён

Бо ибтикори факултети тарбияи ҷисмонӣ дар кафедраи мудофиаи гражданӣ семинари илмӣ- назариявӣ дар мавзӯи “Қонунгузории ҶТ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ” баргузор гардид. Дар семинар бо иштироки устодони кафедра масъалаҳои муҳими таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии мавзӯи мазкур мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд. Сармуаллим Зоирҷон Қодиров дар мавзӯи “Санадҳои меъёрии-ҳуқуқии ҶТ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ” маърӯза кард, ки ба такмили хусусиятҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-назариявии мавзӯъ бахшида шуда буд.

Дар рафти семинари илмӣ доир ба мавқеи таълимии мавзӯъ дар ташаккули донишҳои илмӣ назариявии донишҷӯён декани факултет, дотсент Аабдуворис Мингбоев, доир ба аҳамияти таълимии мавзӯъ дар ташаккули донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён ноибдекани факултет, дотсент Насимҷон Тагиров ва доир ба ҳадафҳои тарбиявии мавзӯъ мудири кафедра, дотсент Ҷонибек Хидиров ибрози андеша намуданд.

Семинари илмӣ-назариявӣ бо мубодилаи афкор байни устодон оиди ин масъала ба кори худ хотима бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ