Факултети санъат: Ҷавонон - пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб

Терроризм зуҳуроти манфии ҷамъият буда, дорои таърихи чандинасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатовар мебошад. Аз ин рӯ, бояд тамоми аҳли ҷомеа барои пешгириву бартараф намудани он камари ҳиммат банданд.

Санаи 25-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети санъат баҳри огоҳ сохтан ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳракатҳои бегона озмуни “Эссеи беҳтарин” ва “Иншои беҳтарин” дар мавзўи «Терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби ҷомеа» баргузор гардид. Дар он донишҷўёни курсҳои 1-4 ширкат варзиданд.

Аз рӯйи натиҷаи озмуни «Эссеи беҳтарин» – ҷои аввал насиби донишҷўи курси 2, ихтисоси эҷодиёти халқӣ Зарина Бобоева, ҷои дуюм насиби донишҷуи курси 1, ихтисоси китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ (менеҷмент) Рухсора Бурҳонова, ҷои сеюм насиби донишҷўи курси 1, ихтисоси сурудхонӣ (халқӣ) Зокирзода Шаҳзоди Сабур сазовор дониста шуд.

Ғолибони озмун ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ