Факултети физикаю техника: Тақсимоти пешакии хатмкунандагони ихтисосҳои омўзгорӣ

Санаи 27-уми феврали соли 2019 дар факултети физикаю техника тақсимоти пешакии хатмкунандагони ихтисосҳои омўзгории факултет бо иштироки мудири шўъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, дотсент Бобоев Р. баргузор гардид.

Дар оғози чорабини муовини декан оид ба таълими факултет Ҳоҷибоев А.Қ. бори дигар хатмкунандагони ихтисосҳои омўзгории факултетро бо низомномаи тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ошно намуд.

Мудири шўъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, дотсент Бобоев Р. иброз намуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Қарордоди фаъолияти якҷояимақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи олии касбии таълимии давлати ва донишҷў»донишҷўёни тариқи буҷавӣ таҳсил дошта бояд ба ҷои кор ҳозир шуда, на камтар аз 3 сол бояд фаъолият намояд ва ба ғайр аз он ба хатмкунандагон то кори Комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавон, ки бо фармоиши ректори донишгоҳ фаъолият менамояд, омода намудани ҳуҷҷатҳои заруриро барои тақсимот ёдрас намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷўён ба саволҳои худ аз тарафи масъулони донишгоҳ ва факултет ҷавобҳои қонеъкунандаро пайдо намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ