Факултети молия ва иқтисодиёти бозор: Дарси кушод

Санаи 18-уми декабри соли 2018 дар синфхонаи 417 мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дарси кушод аз тарафи сармуаллимаи кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг Ҷалилова Д., бо гуруҳи 303, 304 ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, шуъбаи рӯзонаи факултетташкил ва гузаронида шуд.

Дарси кушод мувофиқи Низомнома оид ба ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровташкил ва дар асоси барномаи таълимӣ, барномаи корӣ (силлабус), маводи методӣ, сарчашмаҳои ёрирасон, китоби дарсӣ ва муаррифӣ бо истифода аз ВВТ, технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид.

Дарси кушоди назариявӣ аз фанни маркетинг дар мавзӯи “Реклама: мақсад, вазифа, функсияҳова хусусиятҳои асосии он”боистифода аз тахтаи синфӣ, муаррифӣ, маводҳои тақсимотӣва видеороликҳоба роҳ монда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин машғулият декани факултет, профессор Қодиров А.Л.,профессори кафедраи назария иқтисодӣ Исмоилов М.М., мудири кафедра н.и.и., дотсент Сайдуллоева Д.К, сармуаллимони кафедра Ишонова С., Кадирова Г. ва Ҳотамов А. иштирок намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ