Эмомалӣ Раҳмон- бунёдгузори давлати навини тоҷикон
Дар расонаҳои интернетӣ маълумотҳои бардурўғ паҳн шуда истодаанд, ки гўё дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мардум эътирози худро рўи пули миллӣ менависанд. Ин ҳама хабарҳо дуруғи навбатии хоинони миллат мебошад. Зеро мардуми Тоҷикистон асъори милли кишварамонро ҳурмату эҳтиром мекунанд, зеро асъори миллӣ яке аз муқаддасоти кишвар мебошад, муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикстон мебошад.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои бузургу мондагори таърихиро анҷом додааст, ки ҳамагӣ ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии кишвар нигоронида шудаанд. Таҳкими сулҳу субот, роҳандозии равандҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс, таъмини зиндагии саодатмандонаю шоиста аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обруи баландро соҳиб гардид, ки таърих назирашро ёд надорад. Ташаббусҳову иқдомҳои наҷибона ва инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар боби ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ, мубориза бо равандҳои номатлуби зидди башарӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва роҳандозии ҳамкорию робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хурду бузурги олам Тоҷикистонро ба кишваре табдил дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрати дигар кишварҳо гардидааст.
Танҳо ҳузури чунин шахсиятҳои бузурги таҷрибадида, дар саҳнаи сиёсат озмудашуда ва соҳиби мактаби неруманди сиёсии хеш, ки ба хиради азалии миллӣ такя мекунад, метавонад роҳи дурусту равшанро бароямон имрӯзу фардову фардоҳои дигар нишон медиҳад. Ғояҳои дурнигаронаи мактаби сиёсатмадории чунин пешвои сиёсӣ, ки ба андешаву афкори пешқадами ниёкон, назарияҳои давлатдории миллии таҷассумёфта дар таълимоти давлатмардони гузашта ва сиёсатмадорони пешқадами сатҳи ҷаҳонӣ такя мекунанд, барномаи фардои зиндагии шоистаи ҳар яки мо ва пайвандгари наслҳо ба наслҳои оянда дар роҳи таҳкими пояҳои давлати миллӣ хоҳад буд. Қайд кардан зарураст,ки маҳз кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои милат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми аз ҷанги бародаркушӣ азияткашидаистодаи Тоҷикистонро сарҷамъ намуда, хавфи прокандагии халқу аз байн рафтаи давлати ҷавонро пешгирӣ намоянд. Имрӯз ҷавонони моро зарур аст ба қадри ин хизматҳои бузурги Пешвои миллат бирасем ва дастаҷамъона баҳри ободии кишвар хизмати шоиста кунем ва барои наслҳои оянда аз таърихи бой ва давлати ободи худро мерос гузорем.
Кафедраи сиёсатшиносӣ АКВА