Эй, мардуми соҳибватан, бедор шав...

Баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми кишварҳои ҷаҳон бо сарварихирадмандаш, Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман шинохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари шахсияти маъруфу хирадманд, сиёсатмадори дурандеш ва халки заҳматкашаш рӯзҳои вазнину сангинро паси сар намуда, дар ҷаҳон ҳамчун давлати рушди устувордошта ва босубот шинохта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикисон кишвари хурд бошад ҳам, дар ҳалли проблемаҳои умумиҷаҳонӣ дар канор нест. Мехоҳад, дар ҷаҳон оромӣ бошад, амонӣ бошад, мардумони ҷаҳон зери сиёсати сулҳдӯстона зиндагони кунанд, чунки ин халқи захмдидаи тоҷик баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чи рӯзҳои сангину гуруснагиро аз сар гузаронда, ҳазорон бародарон кушта шуданд, модарон дар доғи фарзанд дар азоб монданд, ҳазорон фарзандон ятиму бепарастор гаштанд. Барои ҳамин ҳар як модари тоҷик доимо даст бар дуо мебардорад, ки дар мамлакат тинҷию фаровониро Худованд дар кишвари биҳиштосои мо поянда гардонад.

Ҳоло кишвари мо ҷавон аст. Дастовардҳое, ки мотӯли бештар аз 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ноил шудем, дар рушди давлатдории миллӣ, соҳаҳои мухталиф ва некӯаҳволии мардум саҳми сазовор гузоштаанд. Кишвари моро зиёда аз 150 кишвари дунё бо расмият шинохт ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, дар тамоми самтҳо фаъолият мебарад ва ин давлатҳо сафоратхонаҳои худро дорад, ки ин нишона аз оромию сарҷамъии миллати тоҷик мебошад.

Вале душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати худ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоҷагонашон фурӯхта, бо рафтори зишту беномусӣ ва пастфитратӣ раъди маърака шудаанд ва тири бадхоҳонашонро солҳои 90-ум хокхӯрда, қувваи некӣ аз болои бадӣ ғолиб омада буд, то ҳол мехоҳанд, бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати орому осоиштаи мо суханҳои баду фитнанез, тарғиботи ғайриқонуниро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баён намоянд.

Инҳо мардумони худозада, ношукр баъди он қадар мусибатҳое, ки бар сари миллати тоҷик оварданд, Ҳукумати мамлакат бо Пешвои муаззами худ ба ҳама корҳои зишти онҳо чашм пӯшида, барои фаъолият ва зисту зиндагони онҳо тамоми шароитро муҳайё сохт. Давлатро давлатии дунявӣ эълон карданд, то дар ҷомеа осоиштагӣ бошад, китоби “Қуръон” бо забони тоҷикӣ тарҷума карда шуд, ҳар як халқе, ки дар ҷумҳурии зиндагӣ мекунанд, кадом дин, ки хоҳад ихтиёр кунад, ибодат ва эътиқод кунад. Аммо дар ҷавоб ин шахсони дур аз дину мазҳаб чӣ кор карданианд, нону намаки ин сарзаминро хӯрда, ба воя расида, дар ҷавоб хостанд, ки ҳокимиятро зери таъзиқ гиранд, дар мамлакат ҳодисаҳои солҳои 90-умро такрор кунанд, вале ба мақсад нарасиданд.

Бахти миллати тоҷик баландӣ кард, ки чунин ҳодисаи нанговар рух надод ва он такрор нахоҳад шуд.

Тоҷикистони кунунӣ мисли Тоҷикистони пешина нест, имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки онҳо як чизро беҳтару хубтар дар идеалашон ҷой додаанд, ки онҳо як Модар як Ватан доранд, ки номаш Тоҷикистон аст ва намегузоранд, ки қалби модарропора кунанд.

Имрӯз дар ҷавоб ба Шумо Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Саидюнуси Истарвашани, Илҳом Ёқубов гуфтанӣ ҳастем, дар ин дунё ҳама меҳмон ҳастанд. Он умре, ки Худованд бар Шумо арзонӣ додааст поянда нест, аз ин роҳе, ки Шумо интихоб кардед, ягон манфиате, ягон мақсаде нест, дар асос ҳамаатон бозичаи дастони шахсони каҷратору қаҷгуфтору пулмаст ҳастед. Аз нодониатон истифода бурда истодаанд, мехоҳанд бар зидди модари худ – Ватани азиз силоҳ бардоред, ҳеҷ гоҳ барои онҳо то охири умр лозим нестедва рӯзе мерасад, ҳамаатон мисли фардони беватан дар хоки кишвари бегона мурда меравед.

Чунки нафаре, ки ба халқу миллати худ хиёнат кардааст, чӣ тавр ба онҳо боз содиқона хизмат мекунад аз Шумо барин шахсон некиро интизор шудан номумкин аст? Не, ҳеҷ гоҳ он хоҷагон низ хуб медонанд, ки рӯзе Шумо ба онҳо низ хиёнат мекунед. Барои ҳамин, ба қавле, баҳри ин дурӯза дунё, ки доред, беҳтарин гузаронед. Аз Шумо пештар низ шахсиятҳои бузург ва ваҳшӣ низ буданд, куҷо шуданд онҳо? Бузургони мо гуфтаанд: “Омаданду рафтанду боз оянду раванд”.

Барои хамин, ба ин кишвари биҳиштосо барои фитна андохтан, парешон кардани миллат беҳуда ҷонбозӣ накунед, имрӯз мо, ҷавонон, дар асоси сиёсати хирдмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеш гирифта, намегузорем , ки ин миллати сарҷамъгаштаро боз ба ҳолати охирҳои қарни ХХ оваред.

Самандар Рӯзиев,

муаллими кафедраи умумиднишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ