Эй мардуми соҳибватан бедор шав!

Дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик воқеаҳои бисёр муҳим ҳастанд, ки пешрафти ҷомеаи имруза нақши муҳим гузошта ба халқи тоҷик ҳамчун роҳнамо ва инчунин таҷрибаи зиндагӣ заминаи асосӣ хоҳанд гузошт. Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде давлати ҷавон бошад, ҳам дар лаҳзаҳои кутоҳтарини замони истиқлолияти давлати худ дар арсаи байналхалқӣ мақом ва мартабаи худро пайдо кардааст. Барои ба ин дастовардҳо ноил гардидан шахсиятҳои бузург саҳми босазои худро гузоштаанд, ки яке аз онҳо пеш аз ҳама кўшишу заҳматҳои бевоситаи Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ба хотир оред, он рузҳои бениҳоят пурпечутоби солҳои 1992-1997, ки мардуми заҳматкашидаи миллати тоҷикро ҳатто соҳиб шудан ба Истиқлолияти сиёсӣ ва барои барқарор кардани “Сохти Конститутсионӣ”дар ин роҳ ҳазорон нафар шаҳрвандони бечора ба ҳалокат расиданд, ҳазорон нафар кудакон бе падару модар монданд, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандонӣ кишвар хонаҳои худро “Ватан”-и худро тарк карда дар хоки кишвари ҳамсоя Афғонистон паноҳ ёфтанд. Ин ҳамаш аз пушти ким?. Аз пушти ана ҳамун шахсони бадхоҳи кишвар гуруҳҳои ифротию низоъандозандаи ҷомеаи имруза. Сабабгори ин ҳама азобҳо аз ақидаҳои “Пучу” ва аз надонистани мақсадҳои дар пеш гузоштаи ҲНИ ТТЭ мебошад.

Воқеан ҳам имруз шаҳрвандони кишвар аз ҳамаи ин воқеаҳо барои худ дарси ибрат гирифтаанд ва намегузоранд, ки дигарбора ба ин гуруҳҳои “Хиёнатпеша” намегузоранд, ки амалҳои нохалафонаи худро анҷом диҳанд. Ин ҷо як саволе ба миён меояд, ки дар боло қайд карда шуд нафарони “Хиёнатпеша”-ро.Имрузҳо ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари хирадмандаш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он амалҳои номатлабе, ки Ҳизби Назҳати Исломи солҳои 90-ум ё ин ки солҳои 1992-1997 дар давоми 5 сол дар кишвар тухми низоъро барангехта бошанд ҳам, лекин баъд аз баста шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ , ки санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид бо роҳбари Сарвари давлат ва роҳбари аппозитсияи тоҷик ва идоракунандаи гуруҳҳои ТТЭ бо номи Исломӣ Саидабдуллоҳи Нурӣ ба имзо расидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон бо роҳбари хирадмандаш ба ин гурруҳҳо дар сохтори идоракуни ҷой доданд дар тамоми самтҳо озодиро пешниҳод карданд ва ҳатто дар қатори аъзоёни Маҷлиси Олӣ кишвар ҷой доданд, то ки аз кардаҳои худ пушаймон гарданду барои барқарор кардани “Ҷумҳурии Тоҷикисон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” саҳмгузор бошанд ва ҳатто барои ташкил намудани Ҳизби Назҳати Исломӣ ва бо иҷозатномаи Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият намудан иҷозат дода шуд ва ҳол он, ки дар ягон давлат ва ҳатто дар дини ислом барои ташкил кардани “Ҳизб” ягон ақидае ҷой надорад ва ҳатто наомадаст дар “Қуръони” карим, ки ҳизб ташкил карда шавад.

Лекин дар ҷавоб барои чунин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2015 ҲНИ бо роҳбари Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ хостанд “Ҳокимият”-и давлатиро ғабс намоянд. Лекин дар “Конститутсия”-и кишвар дарҷ гардидааст, ки “Ғабси ҳокимияти давлати ва тасарруфи он манъ карда шудааст” ва пайваста бо пешниҳоди Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва бо қарори Суди Олии кишвар ҲНИ ҳизби ТЭ эътироф карда шуд.

Имруз ин шахсони ҷиноятпеша дар хориҷи кишвар паноҳ ёфтаву дар бори “Ватан”-и худ ақидаҳои ғалатро паҳн карда истодаанд. Магар ин аз рӯи мардигарист?. Эй мардум шумо бар зидди, ки силоҳ бардошта дар бораи, ки ин ақидаҳои худро баён кардаву паҳн карда истодаед?. Магар ин амалҳои шумо дар ягон пораҳои “Қуръони” омадааст, ки “Ҷанг кунед”, “Силоҳ бардоред”, “Одам кушед”, “”Хуни одамони бегуноҳ”-ро резонед. Ҳол он, ки дар “Қуръони карим”омадааст, ки резонидани хуни бародар “Мусулмон” харом аст. Магар худи шумо маъни Мусулморо медонед, ки Мафҳуми«мусулмон»дар забони арабӣ маънои садоқатманд, вафодорро ифода мекунад. Яне ин вафодори ба Худованди яккаву ягонаро дар назар дорад нагуфтааст, ки имруз низо андозед мардумро дар ҳолати парокандагӣ қарор доҳед. Мисоли равшани корҳои нопоки шумо дар давлатҳои Сурия. Ироқ, Яман, Афғонистон миллионҳо нафар бесарпаноҳ дар кишварҳои ҳамсояи мамлакатҳои Ғарб пароканда ҳастанд. Магар бо ин рафтору киродори худ ва бо истифодаи дини“Ислом” нисбати ин дини пок як сиёҳиро ба миён оварда истодаед, ва бо ин рафтори худ на барои тарақиёти ин дин балкипаст кардан нуфузи “Ислом” дар ҷаҳонӣ муосир асос шуда истодаед.

Имруз пайваста дар моҳи муборак қарор дорем, ва ин Моҳи мубораки рамазон мебошад, ки пеш аз ҳама, мардумро ба таҳаммулпазирӣ, шукргузорӣ, аз дил баровардани кинаву адоват, авфи гуноҳҳои наздикону пайвандон, ёрону дӯстон, садақанамоӣ, гирифтани дасти фитодагон даъват менамояд. Лекин шумоён чи кор карда истодаед боз ҳамун амалҳои номатлуб боз ҳамун корҳои бенатиҷаву беамал, ки худ намедонед, ки барои манфиати ким ва барои чи ин корҳоро ба сомон расонида истодаед.

Имруз мувофиқӣ маълумотҳои рузҳои гузашта, ки дастраси мо гардид воқеан ҳам одам дар ҳайрат мемонад. Эй мардум хаста нашудед, ки имруз ба қонунҳои ҷумҳурии дахолат карда истодаед. Имруз шаҳрвандони бо ору номуси кишвар аз хурду калон медонанд, ки шумоён ки ҳастад ва чи мехоҳед, ва амалан дар ҷавоб гуфтани ҳастем, ки роҳе ки шумо интихоб кардаед беохир ва бенатиҷа ҳаст, ки худ ҳамаз ин кори худ дилшикаста ҳастеду, лекин чи илоҷ “Ғуломи хоҷагонӣ ” худ ҳастед ва он чи, ки гӯянд ҳатман иҷро кардан лозим ҳасту халос дигар роҳи гурез надоред.

Имрузҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои Олӣ кишвар қонунҳоро қабул мекунанд, ки барои манфиати ҷомеа равона гардидааст на ин, ки бар зарари онҳо аз ҷумла “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ҳам.

Имрузҳо ҷавобан ба ин мақолаи навбати ва ҳам суханони “Пучи” ТТЭ ҲНИ гуфтани ҳастем ва пайваста бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушиш менамоем ва пайваста “Ҳушёрию зираки сиёсӣ”—ро аз даст намедиҳем ва намегузорем, ки ба кишвари соҳибистиқлолӣ мо бо чашми бад нигоҳ кунанд.

Академик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ