Дузд дуздро дар шаби торик ҳам мешиносад…

Ин мақоли халқӣ аст ва дурустии он дар ҳаёт борҳо ҳам санҷида шудааст. Кабирӣ ва Саидюнуси Истаравшанӣ ҳам мисли дуздҳои шабрав ҳастанд, ки ҳамдигарро дар шаби тор аз масофаи ниҳоят дур ҳам мешиносанд. Барои чӣ мо ин тавр мегўем? Барои он ки «кал – додари кўр» мегўянд.Онҳо, ки фикру ақидаи хому парешон нисбат ба ватан, нисбат ба мардуми диёр, нисбат ба роҳбарони олии Тоҷикистон доранд. Аз навиштаҳои онҳо маълум мешавад, ки гўё Муҳиддин Кабирӣм Сайидзода ( аз авлоди Пайғамбар) бошад. Ин сохтакорӣ ба таври сунъӣ боло бардоштани мавқеи худ аст.

Аслан одамони оддӣ ҳам бо меҳнати ҳалол, одобу ахлоқи ҳамида, рафтори нек мулоимсуханию нармрафторӣ дар ҷамъият мавқеи сазоворро соҳиб мешаванд. На чун Муҳиддин Кабирию Саидюнуси Истаравшанӣ. Онҳо, ки гуреза ҳастанд, Ватани худро эътирофу эҳтиром намекунанд, чӣ тавр бо «роҳи сохтакорӣ»дар ҷамъият мавқеъ пайдо намоянд. Ин бори аввал нест, ки ин «ғамхорони Ватан», «тарафдорони ҳақиқату ғамхори мардум», бо чунин даъвоҳои ҳавоӣ баромад мекунанд. Ҳар як «тири» онҳо ба ҳадаф намерасад, дар нимароҳ ба ҳаво бармехўрад. Акнун онҳо роҳҳои нав ба нави сиёҳкуниро «ихтироъ» карда, дар бораи ким – кадом намоишҳои телевизионӣ ҳарф мезананд ва боз таъкидан мегўянд: «фарҳанги мо ин нест». Агар онҳо ғамхори Ватан, тарафдори халқ мебуданд, омада дар Тоҷикистон кор мекарданд, фикру ақидаи худро рўи рост баён карда, ба он ҷавоби муносиб мегирифтанд.

Мо ба ин «насиҳатҳо», «роҳнамоиҳо» - и чунин «Ватандўстон» бовар намекунем, бо роҳи «нишондода» - и онҳо намеравем. Охир, мо кӣ кӣ будан, чӣ буданашро хуб фаҳмида гирифтаем. Бигзор, онҳо лаққидан гиранд, бигзор онҳо «ғамхори халқу ватан» буданашонро «исбот» кардан гиранд. Аммо «бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад». Бо ин амалҳои нопоки худ онҳо чеҳраҳои сиёҳи худро боз ҳам равшантар нишон медиҳанд. Авлоду аҷдоди ояндаи худро сиёҳрўю бадном месозанд.

Гурўҳи эҷодии рўзномаи

«Нури маърифат»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ