Дини покро олуда масозед, мардум!
Дини мубини ислом дар такя ба арзишҳои аслии худ, қудрати инсонӣ, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, озодии фикр, покизагии тан ва рўҳ ва даъват ба сулҳ, дурӣ ҷустан аз хушунат ва таҳаммулгароӣ метавонад ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат намояд. Дар аҳкоми шариат омўхтаниилму дониш, машғул шудан ба касбу кор ва машғул шудан ба меҳнати ҳалол яке аз фаризаҳои аслӣ ба ҳисоб рафта, бо ибодат кардан баробар мебошад. Аммо, мутаассифона, солҳои охир аз ҷониби доираҳои муайян ба хотири паст задани нуфузи дини ислом, амалӣ кардани мақсадҳои нопок ва тафриқаву низоъ ангехтан байни сокинони халқу миллатҳои гуногун ғояи бархӯрди тамаддунҳо ва динҳо тарҳрезӣ шудааст ва доираҳои мазкур мунтазам истилоҳи «терроризми исломӣ»-ро талқин месозанд.
Ислом ҳама гуна аъмоли зишт, зӯроварӣ, зулму ситам, қатлу ғоратро қатъиян маҳкум месозад ва ба падидаҳои ғайримақбули замони мо, ба мисли терроризм ва экстремизм, мутлақо иртибот надорад.
Таъкид сохтани ин ҳақиқат имрӯз маънии хос касб менамояд. Зеро мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки хатарҳои зиёде ба амнияти аҳли башар таҳдид мекунанд.
Имрўз, моро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб баромаднамоем ва бонг занем, ки ислом – дини мо мусулмонон аст. Он рамзи покизагии қалбу покизагии виҷдон, покизагии рўҳу покизагииҷон мебошад. Набигзорем, ки номи ин дини муборак олуда гардад, бародар бо бародар ҳамтеғ бошаду кўдакони бегуноҳ дар роҳи тафриқаву низоъ бепушту паноҳ монанд. Шукронаи ин сарзамини озод, хонадони обод намоем, дар оғуши гарми Модар – Ватан софдилонаву сулҳҷўёна умр ба сар барем.
Изҳороти устодони кафедраи педагогика ва психологияи томактабии факултети психология