Дин шамшери муборизаву ҷудоиандозӣ нест
Динро ба як ҷузъи фарҳанг маънидод кардан мумкин аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо ҳимоят аз дини мубини ислом суханронӣ намудаанд. Бузургдошти Имоми Аъзам ва ташкили чандин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ обрӯву эътибори Тоҷикистонро бори дигар миёни кишварҳои ҷаҳони ислом баланд бардоштааст. Ба дини ислом алоқаманд кардани қатлу куштор ва терроризму экстремизм андешаи нодуруст ва ғайри қобили қабул аст. Исломро маҳз арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллии халқу миллатҳои гуногун дини ҷаҳонӣ кардааст. Аз ин рӯ ҳар як шахси дорои маърифат ва арзишҳои мусулмонӣ бояд дар тамоми фаъолиятҳои худ дар чаҳорчӯбаи ҳамин арзишҳо рафтору муносибат кунанд.
Вале имрӯз дар ҷаҳони муосир чунин ба назар мерасад, ки дар аксари мавридҳо баъзе гурӯҳҳо ва нерӯҳои ифротӣ дар роҳи расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ паси номи ислом чеҳраҳои аслии худро панаҳ мекунанд, ки ин ба моҳияти худи ислом вобаста нест. Илова бар ин, доираҳои манфиатхоҳи сиёсӣ дар дохил ва дар хориҷ аз дин барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода карда, кӯшиши халалдор кардани ҳаёти осоиштаи мардум ва фирефтаву гумроҳ кардани халқро доранд. Бо номи дин чунин ҳаракату талошҳо мекунанд ва динро ба омили низоъ табдил додаанд. Берун аз ватан қарор гирифта, бо истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ хиёнаткорон нияти барҳам задани амнияти кишварро доранд.
Таҳлили вазъи имрӯзаи давлатҳои Сурия, Авғонистон ва Ироқу Либия, ки аксари аҳолии он мусулмонон ҳастанд, моро водор мекунад, ки аз сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи кишвар шукрона кунем. Имрӯз Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, ободу аз тарафи давлатҳои мутараққӣ эътироф гардида буда, ташаббусҳои онро дарсозмонҳои бонуфузи байналхалқӣ қабул кардаанд. Аз ин рӯ имрӯз вақти он аст, ки на бо ихтилофу ҷудоиандозӣ байни мардум машғул бошем, балки гирди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар пиёда намудани сиёсати созандаю бунёдкорона ва фарҳангпарварона муттаҳид гардида, дар ободу шукуфоии сарзамини азизамон Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ ва арзишу фарҳанги миллӣ аз таҳдидҳои бегона бикӯшем. Ҳаргиз нагузорем, ки хиёнаткорони Ватан халқро бо истифода аз номи ислом фирефтаву гумроҳ созанд.
Узоқова Г.М.- декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ