Дин ҳимоятгари арзишҳои миллӣ

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятибо дин рўйпўшкардашудае аст, к ибо зўран ғасб намуданиҳокимият, халадор карданиистиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки ислом сўйи истифода намуда даст бар қатлибузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балкиба манфиатинопоки хеш истифода мебаранд.

Мафхуми «ислом» аз калимаи арабии «салом» реша гирифта маънояш «сулҳ» мебошад. Аввалан, дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд. Ҳаёт, ҷону руҳ, ҷисми инсон ва дунёро Офаридгор амонат офридааст. Асос ва моҳияти исломро нияти неки муслимин ташкил медиҳад.

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳукуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зуроварӣ нисбати кўдакону занон, рўҳониён асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он, ки чунин стандартҳо танҳо дар қарни XX дар ҳуқуқи байналхалқи қабул гардидааст.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеолгияе, ки ин идда мехоҳанд мимёни мардум паҳн намоянд дар он зоҳир мешавад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаитаълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳоинизоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро баистилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаихуд ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтарашсупоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Кўшиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа алалхусус ҷавонон фаҳмонида тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кўр-кўронаашон дунболи гурўҳҳои ифротӣ нараванд.

Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳамқарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ ва арзишҳои динӣ мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ