Чанд андеша пиромуни Изҳороти расмии сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур
Сомонаи “Ахбор” ваМирзои Салимпур ҳамчун муассис ва сардабири ин сомона менависад, ки “дар ҳафтаҳои охир таҳти як маъракаи густардаи ҳамлаҳои ноҷавонмардона, фишори равонӣ ва шантаж қарор гирифтааст”. Мирзои Салимпур ту ҳамчун инсон, фаҳмиданат лозим аст, ки шахсоне, ки дар бораи ту ва сомонаи “ахбор”-и ту “дар тӯли фақат як моҳи охир беш аз 200 мақолаҳо” навистааст, онҳо Ватани зебои худ, Тоҷикистонро дӯст медоранд, онҳо хоинони Ватан нестанд. Онҳо ту барин пинҳонкорона нестанд.
Дар тӯли солҳо Тоҷикистон мувафақиятҳои зиёдеро ба даст овардааст, ҳамчун давлати соҳибистиқлол дунявӣ, демократӣ ба ҷаҳон шинохта шудааст. Тоҷикистонро ҳама давлатҳои ҷаҳон шинохтааст. Аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид эълон гардидани солҳои “2018-2028 Об барои рушди устувор” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонтасдиқи фикри мо аст.
Тоҷикистон ҳамчун давлати зебо ва ором ҷалбкунандаи диққати сайёҳони берунмарзӣ табдил ёфтааст.
Мӯҳтарам Мирзои Салимпур ту барои Тоҷикистон чӣ кор кардӣ? Кори ту пинҳонона мувафақиятҳои Тоҷикистонро “навиштан” аст.
Кори ту аз ҳисоби сармояҳои сарпарастҳои худ мувафақиятҳои Тоҷикистонро таҳлил ва танқид кардан мебошад, ки дар ин вақт дили ту барои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон намесӯзад, чашми ту дастовардҳои халқи тоҷиконро намебинад ва дидан намехоҳад.
Аҳли ҷомеа кафедраи географияи табиӣ.