Бозгашти кӯдакон ба Ватан!
Дар охири моҳи апрели соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 кӯдаконе, ки волидайнашон дар мамолики араб аъзои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ гардида буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Мутаасифона ҳоло муайян намудани миқдори кӯдакон ва умуман шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳайати ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъшуда қарор доранд, ғайриимкон аст. Лекин албатта ба Ватан баргардонидани кӯдакон як иқдоми нек ва сарвиқти буда, моро бори дигар водор месозад, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон ва насли наврас диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки онҳо дар мамолики гуногуни ҷангзада сарсону саргардон зиндагӣ кунанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мутаасифона солҳои охир теъдоди оилаҳое, ки аъзои ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъшуда гаштаанд зиёд шудааст. Баъзе аз ашхоси бесаводу дур аз фарҳанги оиладорӣ зану фарзанди худро низ барои амалӣ намудани мақсади ғаразноки худ истифода намуда истодаанд. Итминони комил дорем, ки аксарияти чунин ашхос ҳатто намедонанд, ки барои чӣ ва барои кӣ ҷангида истодаанд. Аз ин лиҳоз, минбаъд моро мебояд, ки байни аҳолии кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем, зеро яке аз сабабҳои асосии шомил гаштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ огоҳӣ надошатани онҳо аз мақсаду мароми ин гуна ташкилотҳои зиддиинсонӣ аст.
Бояд зикр намуд, ки терроризм ва экстремизм солҳои охир ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза мубаддал гашта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин падидаҳои номатлуб амнияти кишварҳои оламро халалдор намуда, хатар ба ҳаёти осоиштаи мардуми давлатҳои гуногун эҷод мекунад. Ягона роҳи аз байн бурдани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ муборизаи дастаҷамъонаи мамолики дунё аст. Ягон давлат ё миллат наметавонад дар алоҳидагӣ ин проблемаи мудҳишро ҳал намояд.
Камолиддини Раҷабзод!