Боварӣ ба имрӯз ва фардои дурахшони Тоҷикистон
Маълум аст, ки ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини сулҳу субот, оромӣ ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад. Имрӯз бо шарофати кӯшишу ҷонкоҳиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу субот ва зиндагии шоистаи мардум таъмин шудааст. Бо бовари том гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза, ки рӯ ба тараққӣ ниҳода, аз давлати аграрӣ-саноати ба давлати саноатӣ-аграрӣ қадам ниҳода истодааст хоҳ нохоҳ нотавонбинон пайдо мешаванд. Онҳо бо ҳар гуна роҳу воситаҳо барои пешравии Тоҷикистони азиз мамониятҳо нишон дода фикру ақидаи мардумро ба ҳар гуна гуфторҳо ва тӯҳматҳо пур менамоянд.
Баъзе аз шахсоне, ки дар хориҷи дуру наздик макон гирифтаанд бо ҳар гуна роҳу воситаҳо Ҳукумат ва шахсони барӯмнди Тоҷикистонро танқиду таҳқир менамоянд ин на аз рӯи одоб, инсонгарӣ ва одаму одамгарӣ мебошад.
Агар хуб мебуд ин гуна шахсон энергия, донишу малака ва ақлу заковате, ки доранд барои пешравии Тоҷикистони азиз ва аз ин ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон сарф мекарданд. Чунки машғул шудан ба ҷудоиандозӣ, дасисабозӣ ва бо сиёҳ кардани шахсони барӯманди Тоҷикистонзиндагии мардум ва сулҳу суботро зери хатар мегузорад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистоназ ҷумла устодонифакултети физикаи техникаи МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” шахсоне, ки зиндагии осуда, тинҷию ороми ва Ваҳдати миллиамонро халалдор карданианд маҳкум менамояд.
Ҷавонону наврасон ва тамоми аҳолии кишвари азизамонро даъват бар он меорам, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии азизамон пайваста илму дониши худро сайқал диҳанд ва ба ҳамагуна дасисабозиҳо бовар накунанд. Ва вақти пурқиммати худро барои гирифтану илму дониш сарф намоянд. Ва дар фарҷомаз забони шоир гуфтаниам,
Умри одам қимат асту лек дар бозор нест,
Бесамарбурдан варобар одамӣ душвор нест.
Дар табиат фаслҳо такрор ёбанд аз дигар,
Лек умри рафтаро бар одамӣ такрор нест.
Муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети физикаю техника Умаров Н.Н.