Босмачирагӣ

Чанд соли охир расонаҳои иттилоотӣ, хосса расонаҳои хориҷиву шахсӣ, ба мавзӯи ҳаракати босмачигарӣтаваҷҷуҳи махсус зоҳир карда истодаанд.

Албатта, ба таърих ва ҳодисаҳои муайяни он бо гузашти солҳо барои ошкор намудани ҳақиқатҳои ниҳонаш зиёиён, равшанфикрон борҳо назар мекунанду фарзияву хулосаҳои худро мебароранд. Аммо агар ин гуна нигоҳҳо бо чашми хирад набошад, таърих на танҳоҷаҳолати назаркунандагонашро ошкор месозад, балки бо таҳлилҳову андешаҳову хулосаҳои нодурусташон мардумро ба гумроҳӣва кӯчаҳои сарбаста мебаранд.

Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро, ки аз ҳаёҳуйҳо ба сулҳи тоҷикон меравад возеҳ дар Паёми имсолааш ба Парлумон ироа кард, ки: “Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва ба итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд

Муҳтарам Э. Раҳмон хатареро таъкид кард, ки: “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта, фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд. Ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.

Ин таъкиди Президенти кишвар ба он вобаста аст, ки дар замони ҳозира “хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст”.

Ташвише, ки Пешвои миллат аз вазъияти ҷаҳони муосир, аз ҷумла: “Кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ… ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашониданианд” дорад ва муносибати дурбинонаи ӯ нисбати ин воқеаҳо чунон ақидаашро пеш меоранд, ки: “Диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад”.

Ононе, ки босмачипарастӣ мекунанд, мардуми соддаеро, ки аз ҳақиқат камтар хабар доранд ба фиреби ҳимояи ислом ҳамчун “муҷоҳид” ба сари халқҳои мусулмони Ироқ, Ливия, Сурия, ҳатто қисматеро ба Афғонистон равона карданд ва ин мулкҳои оромро ба қурхонаи оташи ҷанг гирифтор карданд ва боз чӣ мехоста бошанд?

Мо устодон ва зиёиёни мамлакат бояд дастаҷамъона оид ба масъалаи босмачигарӣ ва даъвати ҷавонон, занон ба сафи террористон, ҳаракатҳои экстремистӣ корбарӣ намоем. Бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки мо давлатеро обод созем, ки дар он маънавиёти миллати тоҷик, чаҳонбинии миллии мо арзишманд бошад, на ҷаҳолат ва бозгашт ба зулмоти асримиёнагӣ, ки наҳзатиҳо бо дастгирии аҷнабиён дунболи он мегарданд.

Шарипова М.-дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ