Биё эй ҳамватан бо ҳам бисозем…..
«Мўҳтарам аъзоён ва раиси Паймони миллии Тоҷикистон» (аҷаб раисҳову унвонхову созмонҳо).Ин қадар шумоён вақти зиёд дореду дар хориҷ нишаста афсонабофӣ мекунед. (боз тариқи онлайн гўё тавсияҳо пешниҳод мекунед). Садҳо маротиба гуфтанду мегўянд, ки мардуми тоҷик дигар ба маслиҳату насиҳату дилсўзиву ғамхорӣ, таҳдиду тавсияи ягон нафарро гўши шуниданӣ надорад.
Имрўз мардуми тоҷик бо тамоми ҳастии худ корҳои ободониро вусъат бахшида, сиёсати инсонгароёнаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашки зиндагии худ дониста Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодааст.
Агар имрўз дар кўчаву хиёбонҳои шахру деҳоти Тоҷикистон қадам занеду чеҳрахои хандону рўҳи болидаи мардумро бинед, шукр мекунед, ки фазои орому осуда, кўчаву хиёбонҳои обод, гулгашту боғхои хуррам ба кас ҳаловат мебахшаду барои зиндагии орому осуда дилгарм месозад.
Миллати фарҳангиву бомаданияти точик имрўз шунидаву дида, хондаву навиштаашро борҳо дар тарозуи ақл бармекашаду вақти таҳлил бештар адолатро ба кор мебарад. Шумоён аз фейсбуку ютуб ёдовар мешавед, вале ба хотир оред, ки тоҷикон китоб доранду бештар ба китоб муроҷиат мекунанд ва бештари вақти худро дар доираи дўстону пайвандон бо сўҳбати самимӣ мегузаронанд. Бо фейсбуку ютуб бештар ашхоси танҳо«дўстӣ»доранд.Хуб мешуд, шумоён низ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ неву бомардум суҳбат мекардед, онҳоро мешунидед, шояд ин фикрхои ботил мағзи шуморо маскан намегирифт.
Асланҳар як инсон рисолати худрошиносаду аз рўи виҷдон амал намояд, ҳоҷатитуву ман гўиҳо намемонад. Дигарон-ку майлаш, аммо шуморо айб аст, дидаву дониста, аз як дастурхон (дастурхони тоҷикӣ) обу намак чашида боз сафсатаву дасисаву фитнаву фиреб….
Изҳороти Қодирова М.А.-муаллимаикафедраи Н ва МТЗМ