Бигзор хушканд онҳо!

Дар қарни мо агар аз гирдоб ва тӯфон пурсанд, ки дар вақти ба ғазаб омаданаш киро ба дамаш мекашад? ва гирдоб дар ҷавоб додан ҳайрон мегардад, ки киро ба дамаш кашад “Аъзоёни хизбҳои ба ҷамъияти муосир бегонаро ё сулҳпойдоркунандагони сайёраро?” Шумо - мутолиакунандагони ин сатрҳо ҷавобашро ғайриихтиёр медонед, ки ....

Дар замони мо барои душманони халқу миллат мафҳуми “Ваҳдат” ба мисли бозичае метобад ва барои мафҳуми ваҳдатро надонистанашон аз паи дастгирии ҳизбҳои ба ҷамъияти муосир бегона .мегарданд. Зеро онҳо яъне гумроҳгардидагон мафҳуми “Ваҳдат”- ро дарк накардаанд,. Онҳо қобилияти дарккунии ин мафҳумро надоранд, яъне онҳо бедарку бешууранд. Шуур медоштанд албатта дарк менамуданд, вале ҳайфе онҳо шуури инсониро надоранду танҳо симои инсониро доранд.Хуб мешуд, ки қобилияти бегонагӣ рӯҳи зиндаи онҳоро падруд мегуфт.

Бегонапарастии онҳоро ҳодисоту воқеотҳои нангини барпонамудаистодаи ҳизбҳои ба ҷамъият бегона исбот намуда истодааст. Ин маҳалгароиву ҳамдигарнофаҳмиҳо сайёраи моро ба зери хатари ҷангу ҷидоли беисбот гузошта истода, решаи заҳрдори худро дар байни оммаи халқ давониданӣ мебошаду ба онҳо об кӯмак накарда истода, баръакс он обҳо роҳашонро дигар намуда истодаанд. Зеро мӯъҷизаи табиат – об низ медонад, ки ба ки манфиаташ расаду ба ки не.

Кишвари мо зери ливои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиаш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки некӯаҳолии халқашро ва албатта сулҳи пойдорашро на танҳо дар мамалакат балки дар тамоми дунё ҳамеша дастгир аст, ба душманони ҳаёти осоишта нафорида истодааст ва барои ҳамин он душманони миллат як қатор намудҳои тухмиҳоиноҳаққонаро нисбати ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии мамлакати мопошида истодаанд. Вале афсӯс, ки дар айни замон онҳо ба тухмипошакҳои тухмиҳои беҳосил мубаддал гардидаанд ва танҳо тухмашон пуч баромада истодааст. Зеро тухмиҳои гумроҳгардонандаи онҳо низ дар ҷамъияти Тоҷикистони соҳибистиқлол коҳиш ёфта ҳосили онҳоро растании зараровари зарпечак печидааст. Об низ барои барои ҳосили онҳо нашъунамо ёфтанаш роҳашро дигар намудааст. Бигзор хушканд онҳо!

Дар замони муосир мухолифатҳои байни ҷамъиятҳои гуногундар заминаҳои якчанд идеологияҳо шадидтар гардида истодаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои зидди оромии сайёра хеле зиёд гардида, асоси онҳоро поймолкунандагони арзишҳои динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ ташкил менамоянд ва ташаккул дода истодаанд. Мақсади ягонаи он коҳилон зарбаи ҷонкоҳе задан на танҳо ба Ваҳдати миллии тоҷикон, балки барои тамоми сайёраамон мебошад. Онҳои разил арзишҳои ба миллатҳои тамоми инсоният бегонаро ҷорӣ намуданианд, ки он арзишҳо дар назди сулҳи пойдор беарзиш мебошанд.

Хизмати Пешвои миллат барои бунёди як нерӯи сиёсии идеологӣ – Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон замина гузошта дар кишвари мо ифодагари сулҳу ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад, ки сомони сиёсати мамлакатамонро дар даст дорад ва бо Асосгузори худ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бар зидди носолимгардонандагони ҷамъият муборизаи беамонро пешаи худ намудааст.

Он ҳизбу ҳаракатҳои ба ҷамъияти осоишта бегона дастгирони дорои ҳамёнкалонони пур аз пулҳои бедардимиён мебошанд, ки сарҳои онҳо вақте ба тахтасанги гӯрашон рафта мезанадҳушёр намешаванд, яъне ҳуввияти миллӣ барои ба ботини онҳо даромадан орият намудааст.

Он идомадиҳандагони ташкилотҳои террористӣ-экстремистии ҲНИ дар ҳамаи кишварҳои олам реша давонида истодаанд, зеро дастгирикунандагони онҳо ҳамеша ба онҳо на танҳо илҳомбахшанд балки пулҳои бедардимиёнбахшанд.

Донишу маълумот ин савод аст. Барои ҳамин мо омӯзгорон таҷҳизотҳои бо донишу савод ва ҷаҳонбинии муосир таъминкунандагон мебошем. Мо узвҳои фаъоли ҷамъияти муосир ба ҳисоб меравем, мафҳумҳои арзишҳои миллиро на танҳо ба донишандӯзони худ, балки ба тамоми мардуми гирду атрофи худ шарҳ медиҳем.Масъулиятнокиро ки марому мақсадаш созандагиву бунёдкорӣ мебошад албатта сарбаландона дар Тоҷикистони азиз ба иҷро мерасонем ва хоҳем расонид.

Раҷабова Мавлуда Мамадҷоновна н.и.ф., дотсенти кафедраи назария ва амалияи забони англисии

факултети забонҳои хориҷӣ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ