Барангезандаи ихтилофоти дохилимиллӣ
Бо шиддат гирифтани муборизаҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарурати мавриди баррасӣ ва ифшо қарор додани симои аслии бархе аз чеҳраҳои барангезандаи ихтилофоти дохилимиллӣ пеш омад. Аз зумраи ин қабил миллатфурӯшон Равшан Темуриён мебошад, ки бо паҳн кардани ҳар гуна маводи иғвоангезанда мафкураи солими мардумро заҳролуд сохта истодааст. Агар дақиқтар ба маълумотҳои паҳнкардани ӯ таваҷҷӯҳ намоем, аз сохтакориву ҳилландозиаш пай бурдан мумкин аст. Масалан, дар як мусоҳибаи Равшан Темуриён бо бунгоҳи таҳлилии ислоҳ дар посух ба суоли «Ҳолати ҳуқуқии инсонро дар Тоҷикистон чаро «вазъияти хатарноки инфиҷорӣ» унвон кардед?» иҷрои як қатор шартҳоро, ки ба манфиати душманони ваҳдат нигаронида шудааст, талаб кардааст. Бо ибрози агар хоҳанд, ки пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф нашаванд террористону экстремистонро аз зиндон озод намоянд, баҳри муборизаи озоди ҳамфикрони хеш дар дохили кишвар барои ҳокимият мусоидат созанд, омодаи ҷанг буданашонро нишон додаанд. Нафрат аз он меояд, ки вай аз номи Анҷумани озодандешони тоҷик садо баланд менамояд. Чӣ, магар озодандешони тоҷик бар он андешаананд, ки террористону экстремистон дар ободии кишвар саҳмгузор мешаванд? Хулосаи асосӣ аз посухи Темуриён ба саволи мазкур чунин аст, ки агар ҳукумат талаботҳои онҳоро иҷро накунад, кишвари ободу осударо ба «вазъияти хатарноки инфиҷорӣ» табдил медиҳанд. Яъне онҳо омода ҳастанд барои ҳокимият як кишвари биҳиштосову шукуфонро оғуштаи хун ва шабеҳи Сурия сохта бошанд. Муҳим расидан ба ҳадаф аст на роҳи он. Ибрози чунин посухҳо моро водор месозад, ки ба ҳар гуфтаи онҳо эътимод накарда, аввал ба мизони андеша кашем.
Барои тақвияти гуфтаҳои боло таваҷҷуҳи шуморо ба ин матлаб равона месозем: Ба саволи муносибати сарвазири Канада ҷиҳати дастоварди мақоми паноҳандагӣ ба муҳоҷирони тоҷик бо хотири ҷамъ чунин баён доштааст: «...нимаи дуввуми зиндагиам дар Ватани дуввумам Конодои қуввати дилам сипарӣ мешавад». Посухи Равшан Темуриён нишон медиҳад, ки ӯ шаҳрванди комилҳуқуқи Канада мебошад. Баҳри дурӯягон, ки ду ватанро баробар мегузоранду ду модар доранд, ба хоку хун оғушта шудани яке аз он таъсири манфӣ надорад. Онҳо бе ягон мушкилӣ рӯи худро ба тарафи дигар мегардонанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки боҷуръатона теша ба решаи сулҳу ваҳдати миллӣ мезанад. Вагарна иброз намедошт, ки ватани дуввумаш қуввати дилаш аст. Ин аст, симои аслии як тан аз хоинони ваҳдати миллӣ. Эй мардум, ҳушёру зирак, хирадманду закӣ бошед, то ҳеҷ гоҳ фирефтаи чунин нохалафон нагардед.
Сабуров Муҳиддин, дотсент, сардори раёсати таълим,
Бердишукуров Абдунаим дотсент, мудири кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ