Бахти баланди муҳассилин дар Рӯзи Дониш

Санаи 1-уми сентябри соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Суханронии худро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табрикот алалхусус, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саршавии соли хониши нав оғоз намуданд ва баъдан оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла: нақши сулҳ ва пойдории он, мубориза бар зидди хурофот ва таассуби динӣ, муқобили зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таъмин намудани пешрафти бонизоми давлати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ,дастовардҳои таърихии халқи тоҷик, ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва амсоли инҳо суханронӣ намуданд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эълон намуда, баҳри амаливу пойдории он кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад.

Чӣ хеле, ки дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “...рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як халқу миллат аз сатҳи саводу маърфат, савияи донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобастагӣ дорад” беҳуда нест. Барои он, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисос ва кадрҳои сатҳи байналмилалӣ эътибори махсус дода мешавад.

Инчуниндар суханронии худАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба забономӯзии ҷавонону наврасон ва кормандони соҳаҳои гуногун аҳамияти бештар дода шуда, таъкид намуданд, ки барои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будан, ғайр аз забони давлатӣ боз ду забони хориҷиро мисли забони модариашон донанд.

Бо мақсади татбиқ ва амалигардонии таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба факултети забонҳои хориҷӣ вазифагузорӣ карда шудааст, ки кормандон ва омӯзгорони ҳамаи факултетҳо машғулиятҳои забони англисӣ гузаронида шавад.

Дар охир бояд қайд кард, ки дар воқеъ ҳамаи суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳкушову роҳнамои зиндагии ором ва осудаи халқи тоҷик аст.

Алиева Мунзифахон, муаллимаи кафедраи технология ва методикаи таълимии он, МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ