Изҳороти устодони факултети таърих ва ҳуқуқ
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шаҳри Женеваи Шветсия нишасти 126-уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Мутаҳид баргузор гардид, ки дар он ҳайъати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон ширкат варзиданд.
1-уми июл намояндагони нохондаи ТТЭ ҲНИ, гурӯҳи 24 ва дигар душманони миллати тоҷик ба мақсади иштирок дар иҷлосияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳозир шуданд, ки онҳо аз ҷониби масъулини созмон шармандавор аз толор ронда шудандва аз ҳуқуқи иштирок пурра маҳрум гардиданд. Иштироки чунин шахсони манфур, ки дар мамлакати худ бо содир намудани ҷиноятҳои вазнини террористиву экстремистӣ, мунтазам ҳуқуқҳои инсонро поймол намудаанд, дар хориҷи кишвар зери қаноти хоҷагони хориҷӣ паноҳ бурда, боз амалҳои ҷудоиандозу ифротиашонро тарғиб мекунанд, воқеан ҳам дар ҷаласаи чунин созмони бонуфузи байналмиллалӣ ба ҳақиқат рост намеояд.
Ин хоинони шармандаву шармсор аз маҷлис ронда шудани худро бо дасисагӯиву буҳтонҳо дар шабакаи интернетӣ рӯйпӯш карданӣ шуда, дар саҳифаи иҷтимоии ғайриқонуниашон “паёмнет” гузориши видеои таҳти унвони “Ҳайати Тоҷикистон аз имтиҳон нагузашт” гузоштаанд, ки дар он гуфтугӯ бо Кабирии ноҷавонмард сурат гирифтааст.
Онҳо дар ин гузориш даъво доранд, ки гӯё намояндагони Тоҷикистон ба саволҳои мутахассисони КҲБ СММ посухи муфассал надода бошанд. Аз рафти ҷаласа ва суханрониҳои ҷониби Тоҷикистон маълум аст, ки дар ҳақиқат ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дурусту мантиқӣ ва муфассас дода шудаанд. Намояндагони СММ аз он изҳори қаноатмандӣ низ кардаанд. Аммо ҷавобҳои дуруст ва далелҳои мушаххаси Прокурори Генералӣ Юсуф Раҳмон оид ба сабабҳои ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф шудани ҳизби наҳзат ва исбот гардидани гунаҳкории онҳо дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба Кабирӣ ва косалесони дигараш мақул нашудаанд. Аз ин лиҳоз боз дасисаву дурӯғу буҳтони худро паҳн карда истодааанд.
Имрӯз мардуми заҳматкашу куҳантаърихи тоҷик сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату ҳукумати Тоҷикистонро пурра ҷонибдорӣ намуда, аз сулҳу субот ва оромии кишвари азизамон шукргузор ҳастанд. Хоинони паймоншикан ба монанди М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони хиёнаткораш, ки дар орзую ҳаваси сарвату мансаб буда, онро муфт соҳиб шудан мехоҳанд, ба халқу миллати мо ягон садоқат надоранд. Онҳо ҳуқуқимаънавии баҳо додан ба суханрониву посухҳои намояндагони расмии Тоҷикистонро надоранд. Кабирӣ ва думравони ватангадояш ҷонибдори қувваи бадӣ ё аҳриманӣ ҳастанд. Онҳо кайҳост, ки имон, дин, виҷдон, инсоф ва ватани худро ба хоҷагони хориҷӣ бар ивази пулу мол фурӯхтаанд. Сабабгори рехта шудани хуни чандин ҷавонони тоҷик ҳастанд, ки ба он рузе ҷавоб хоҳанд гуфт.