Аз гуфтаи хоҷа набаро, ки ҳолат табоҳ хоҳад шуд...
Хонум Дейзи Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои озод (Радиои Озодӣ) паёми худро дар шабакаи иҷтимоӣ нашр намуда, бахши тоҷикии Радиои Озодиро ба он муттаҳам сохтааст, ки гӯё кормандони он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аъзои оилаи ӯ ҳусни таваҷҷуҳ дошта, мансабдорони баландмақоми Тоҷикистонро тавсиф мекарда бошанд. Гӯё журналистони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гузоришҳои интиқодии созмонҳои Ғарбро дар бораи Тоҷикистон сарфи назар карда, нисбат ба ТТЭ ҲНИ хабарҳои муғризона паҳн мекарда бошанд. Аз ин рӯ, фаъолияти журналистони бахши тоҷикӣ зери шубҳа ва иттиҳомот қарор гирифтааст.
Дар паём таъкид мегардад, ки Радиои Озодӣ дар ягон маврид поймол кардани миссияи он ва кодекси ахлоқиашро таҳаммул намекунад.
Ин ҷо худи хонум Сиделар “миссия” ва кодекси “ахлоқии”Радиои Озодиро, ки маҳсули замони ҷанги сард буда, кору амали аслиаш на пахши ахбори воқеӣ, балки дурӯғпардозӣ, тафриқаандозӣ, тӯҳмат ба сарварон ва ҳукуматҳои давлатҳои мустақил аст, ошкор сохтааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Радиои Озодӣ, Садои Амрико, Би-Биси зода ва парвардаи мақомоти ҷосусии Амрико, Британия, давлатҳои Ғарб буда, дар замони ҷанги сард ва имрӯз низ ошкорову пинҳонӣ фаъолияти тақрибкоронаи худро идома медиҳанд.
Дар бораи ин шабакаҳои иттилоотӣ, тарзу услуби корашон, маблағгузоронашон садҳо рисолаву мақолаҳо навишта шуда, симои аслии онҳо, ки ба ягон кодекси ахлоқ мувофиқ нест, ифшо шудаанд.
Танҳо ду далели овардаи ин хонум ва гунаҳгор сохтани бахши тоҷикии Радиои Озодӣ – гузоришҳои интиқодии созмонҳои ғарбӣ дар бораи Тоҷикистон сарфи назар мешавад ва рӯзноманигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ТТЭ ҲНИ-ро зери интиқод қарор додаанд, кифоя аст, ки аслу мақсади хонум Синделар чист?
Хоҷагон зердастон ва хизматгузорони худро ҳушдор медиҳанд, ки “ҳой мухбиракони озод” ҳушёр бошед, он чи ки мо мефармоем ва мегӯем бояд ҳамонро иҷро кунед. Киро бояд таъриф кард, киро бояд танқид кард -инро мо муайян мекунем, Шумо боядишорачӯби моро фаромӯш накунед.
Аз хонум Синделар пурсида мешавад, ки куҷост он “меъёрҳои академикӣ ва журналистикаи ғарбӣ”, куҷост озодии сухан, озодии касбӣ ва ахлоқии журналист? Магар рӯзноманигорони Радиои Озодӣ ҳуқуқи озодона афкору андешаи худро баён карданро надоранд? Ё ҳатман аз цензураи хонум Синделар бояд гузаранд?
Аз паёми ин хонуми “ҳақиқатҷӯй” танҳо як хулоса бармеояд: “Ҳар чи хоҷа мехоҳад ва мегӯяд, банда бояд ҳамонро кунад, вагарна ҳолаш табоҳ хоҳад шуд”.
Ш. Шарифов, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров