Асли воқеаро тафтишот муайян мекунад, на каси дигар…
Санаи 7-уми июл ҳангоми интиқоли зиндониён аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар роҳ ҳодисаи нохуш рух дода, 14 нафар зиндонӣ ба ҳалокат мерасад ва ду нафари дигарро бошад, табибон наҷот медиҳанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман сабаби чунин ҳодисаро эълон кард ва дар баёнияи хабарияш чунин маълумот дод:«Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат бо 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузӯрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Соати 18:20, вақте ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нони маҳбус бад шуд. Дар 16-тои онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардид. Соати 18:25 бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кӯмаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд».
Бино бар маълумоти пешакӣ сабаби ба ҳалокат расидани зиндониён нони буханка будааст.
Ин тафсилоти мақомоти расмии давлатӣ дар аксарияти расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт. Дар баробари ин ба ном «таҳқиқоти журналистӣ» оѓоз гардиданд ва заҳролудшавӣ аз нонро сабаби аслӣ надониста ҳар гуна фарзияҳоро баён карданд. Ахборком ва дигар шабакаҳо рақобати генералҳо, махсус заҳролудкунии зиндониён ва дигар фарзияҳоро ҳам сабаби «аслӣ»-и ин ҳодиса номбар карданд.
Аммо дар як чиз онҳо иштибоҳ ҳам карданд. Ин изҳороти расмии мақомот аст ва боз дар ин баёния чунин таъкид ҳам карда шудааст: «Оиди ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки ба талаф ёфтани 14 нафар маҳбус оварда расонид, аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд.
Экспертизаи тиббӣ-судӣ таъйин гардида, тафтишот оиди парвандаи мазкур таҳти назорати қатъии Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст».
Табиист, ки баъди гузаронидани тафтишот асли воқеа муайян мегардад ва ҳақиқат рӯи об мебарояд. Аммо то ба анҷом расидани тафтишот ҳар гуна фарзияҳоро ҷустуҷӯ кардан ва оммавӣ гардонидан на ба фоидаи кор, балки бар зарари тафтишот хоҳад буд.
Раҳимов И. – декани факултети забонҳои шарқ.