Арзишҳои динӣ аз тарафи ттэ ҲНИ поймол мешавад
Моҳияти ғояи ифротгароии динӣ чунин аст, ки он мафҳумҳо ва арзишҳои диниро аз мафҳумҳо ва арзишҳои милливу умумибашарӣ ҷудо намуда, онҳоро бо ҳам муқобил мегузорад. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси густариши терроризм ва радикализми динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, зимнан, дар ҳар як кишвари соҳибистиқололу миллӣ монеъи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ мегардад. Чӣ тавре ки гуфтем, зуҳуроти ифротгароӣ бо асли дини мубини Ислом бегона мебошад. Ингуна ташкилотҳо, ки фаъолияти онҳо тибқи қонун дар қаламрави кишвари мо мамнӯъ мебошад, то имрӯз бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ пинҳону ошкоро дар байни ҷавонон ба тарғибу ташвиқ машғуланд, ки ин амали онҳо ба амнияти шаҳрвандон халали ҷиддӣ ворид менамояд. Аз ҷумла, дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол низ, ҷавонони баору номуси тоҷик нақши бузургу калидӣ доранд. Чуноне ки маълум аст, зуҳуроти ифротгароӣ барои фарҳанги милливу динии аҳолии муқимии Тоҷикистон, ки аксаран пайрави мазҳаби таҳаммулпарвари ҳанафӣ мебошанд, тамоман бегона ва ноошно мебошад. Мутаассифона, бархе ашхос ва гурӯҳҳои сиёсӣ зери ниқоби Ислом баромад карда, баҳри амали кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷавононро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини Исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва ҷавононро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ифротгароиву хурофотпарастӣ солҳои охир дар ҷомеа махсусан дар байни насли ҷавон ба як бемории сирояткунандае табдил ёфтааст ва бояд дар табобати он тамоми равшанфикрони ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар ин сурат ҷавононро лозим меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Самаранокии мубориза бо экстремизми динӣ дар бисёр ҳолатҳо аз риояи талаботи қонунҳо, ки тарғибу ташвиқи барангехтани кинаву адовати миллӣ, низои иҷтимоӣ, нажодӣ ва диниро манъ намудааст, вобастагӣ дорад. Ҷавонони тоҷик бояд ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки пурмаҳсул меҳнат намуда, дар таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ фаъолона ширкат намоянд. Онҳоро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд ва баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азиз сина сипар созанд. Чи тавре ки коршиносон қайд карда буданд, ки шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд. Ин супоришҳои коршиносон пеш аз ҳама ба ҷавонон ҳамчун ба қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа робита дорад.
Маҳмудова Эҳрона Исматовна–
муҳассили факултеит биология ва химия