Артиш дорем, ифтихор дорем

Имрӯз нисфирӯзӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар якҷоягӣ бо таҷрибаомӯзони курси 3-юми шӯъбаи рӯзона ва курси 4-уми шӯъбаи ғоибона конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Артиш дорем, ифтихорем дорем” баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро директори мактаб Маюсупова Н. оғоз намуданд, сипас таҷрибаомӯз Шодмон Давлатов дар мавзӯи “Аз таърихи ташкилёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд.

Қисми адабӣ – мусиқӣ боиштироки хонандагони синфи 6-ум намоиш дода шуд. Дар конференсия мушовир - методист, дотсент М.Раҳматова, мушовир–педагог, дотсент А.Шарипов ва таҷрибаомӯзони курси 3-юми шӯъбаи рӯзона ва курси 4-уми шӯъбаи ғоибона иштирок намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ