Падидаҳои номатлуби босмачигарӣ
Пеш аз он ки ба таърих назар афканем, бояд вазъи воқеъии замонро ба назар гирифт. Имрўз дар ҷомеаи мусоири мо кам нестанд, ашхосоне, ки зери ливои дини мубини Ислом байни мардуми омм ҳаргуна тафриқаву ҷудоихоҳи зидди сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бурда бошанд.
Яке аз чунин хоини миллат «Сайидюнуси Истаравшанӣ» ба шумор меравад, ки он босмачиёне, ки пайваста бо амири фирорӣ тавассути нома ва шахсони ҷосус робита дошт. Халқро талаву тороҷ ва навҷавононе, ки ҳанўз риш набароварда ва духтаракони дўшизаи мардумро бо зўру зулму таҳдид гирифта ба номуси онҳо хиёнатҳои даҳшатангезро ба ҷо оварда, инчунин ба амири гуреза низ бо баробари маблағҳои зиёду яроқу аслиҳа, фазандону дўстрўякони мардуми баору номус ва меҳнаткашро мефиристоданд,ки онро «як ҳаракати озодихоҳона аст» зикр кардааст.Он нуктаҳое, ки «Сайидюнуси Истаравшанӣ» овардааст, пурра бофтаву калимасозиҳои навабитии хоинони миллат ба ҳисоб меравад. Хеҷ вақт босмачиён ҳаракати озодихоҳона надоштанд. Онҳо танҳо манфитаҳои худро ба мисоли дуздиву ғоратгарӣ, қатлу куштор, зўроварӣ, айшу ишрат, ҳаракатҳои шаҳвонӣ ва ғайраро доштанд. Чихеле ки устод С. Айнӣ меоранд: «Босмачиён на ҳомии дин ва на муториятхоҳ, меншивик, балки аз ҳама чиз пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхоранд» .Ингуна асару мақолаҳои илмие, ки бо далелҳои конкретӣ, бобати ҳаракатҳои босмачигарӣ зиёданд, ки ҳама бо як овоз ҳаракати хоинона, буздилона, ғоратгарона ва ғайра инъикос намудаанд.
«Сайидюнуси Истаравшанӣ» - яке аз нафароне, ки дар воқеаҳои номатлуби солҳои 90 – уми асри ХХ зидди ҳукумати ҷумҳурӣ баромада, ҳар гуна корҳои зиштро анҷом додаст.
Имрўз ҷомеа худ шоҳиди он гардида истодааст, ки Кабирӣ ва ҳамаслакони ў хоинанд. Ва ҳаргуна ҳаракатҳое, ки нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳиллаву найрангҳои навбатӣ ба сиёсати пешгирифтаи ҳукумату давлат карда истодаанд, онро аҳли ҷомеаи факултети таърихи ва ҳуқуқи МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров» маҳкум менамоям.
Ҷўраев М.С., номзади илмҳои таърих, муаллими
калони кафедраи таърихи Ватан ва археология