Вохӯрӣ: ​Паёми Пешвои миллат - кафили сулҳу субот

Дар хобгоҳи духтаронаи №1-и донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика чорабинӣ бахшида ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо бошандагони хобгоҳ ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкурро омӯзгори кафедра Махфират Ҳасанова оғоз намуда, муҳиммияти Паёми Пешвои миллатро ба ҷомеаи имрӯза фаҳмонид.

Сипас, сармуаллимаи кафедра У.Юнусова баромад намуда, зикр намуд, ки мо ҷавонон бояд аз ҳама бештар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонем.

Ҷавобан, ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон духтарони хобгоҳ ваъда доданд, ки дар оянда мутахассиси соҳаи худ гашта, барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ