​Экстремизм хатар ба амнияти ҷомеа дорад

Ифротгароии динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад. Радикализми динӣ, марҳилаи ошкор, фаъол ва амалишавандаи ифротгароии динӣ аст. Он аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғоти қатъӣ ва ба сeи амалҳои ифротӣ мегузарад. Дар ин раванд шахси ифротӣ тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Аҳамияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳамияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонад.

Терроризм бошад, марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи ифротгароӣ мебошад. Ҳангоми муносибат бо ин кирдорҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудоварандаи ҳамдигар мебошанд. Якдигарро пурра мегардонанд.

Ҳар нафаре, ки ба ин гурeҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита ба мақсадҳои нопоки онҳо, аз зумраи фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мегардад. Мувофиқи таълимоти ин гуна гурeҳҳои ба ном динӣ, ягон давлати мусулмоннишин набояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд дошта бошад. Ифротгароён ягон давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмониро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби "хилофат"-и худ маҳв менамоянд.

Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, дар Низомномаҳо ва дар маводи таблиғотии гурeҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст ва ҳеҷ ҷои шаккеро боқӣ намегузорад.

Масалан: ташкилоти террористиву экстремистии "ҳизби таҳрири исломӣ" солҳост, ки дар Оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи "бунёди хилофати ягонаи исломӣ"-ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақили минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, фақат ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби ин "хилофат" пешбинӣ шудаанд. Умуман, таъсиси "хилофат" ва маҷбуран ба он тобеъ кардани давлатҳои мустақили мусулмоннишин мақсади асосии оинномавии ин ҳизби ифротӣ ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ зери таъсири гурeҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд ва ба халалдор сохтани амнияти миллии давлатҳои гуногун мусоидат намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудан аз ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад ва ҳукумати мамлакат дар ин ҷода муваффақ низ гардид.

Дар ҷомеа гуруҳҳое пайдо гардиданд, ки бо истифода аз эътиқоди мардуми мусалмони кишвар дини мубини исломро ҳамчун воситаи ноил гардидан ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо ТЭТ ҲНИ ба ҳисоб меравад, ки ахиран ниятҳои нопоки онҳо ошкор гардида, фаъолияти онро Суди Олӣ манъ намуд. Дар ин замина мо бояд таҳдид аз хатарҳби тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ҷомеа доранд, муайян намуда, густариши ғояҳои ғаразноки онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Хулоса, ифротгароии динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ, як навъи нав ва бисёр нозуки истисмор ва истилогарӣ мебошад, ки пеш аз ҳама, ба истиқлолият ва мавҷудияти кишварҳои мусулмоннишин таҳдид мекунад.

Шаҳноза Зарипова, устоди ДДХ,

факултети филологияи тоҷик,

шуъбаи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ