​Ваҳдат, худшиносию худогоҳӣ маҳсули андешаи миллӣ аст.

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба гуфти Сарвари давлат: ”То фаро расидани давраи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид”.

Дар ин айём ба таърих васаргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ-иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид кард, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимист. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Оре, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегардад.

Ҳар як фарзанди Тоҷикистон, ки ин марзу буми аҷдодӣ барояш азиз аст, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, маҳаки асосии афкори ҷомеаи моро бояд сухани созандаву омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манофеи халқу ватани азизи мо хизмат намояд.

Изҳороти муаллимаи кафедраи табиӣ-риёзӣ,

тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо

Махмудшехова Мавзуна Абдувалиевна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ