“Нерӯи сухан”: Баррасии масоили ахлоқӣ ва касбии журналист
Дар толори хурди раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили навбатии “Нерӯи сухан” бо иштироки аъзои Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири телевизиони СМ1 (Симои мустақили аввал) Илҳом Ҳошимов баргузор гашт.
Маҳфилро сардори Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба Илҳом Ҳошимов вогузошт. Номбурда, бо ҳайати “Нерӯи сухан” доир ба масоили риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ гуфтугӯ намуд. Ҳамчунин, Илҳом Ҳошимов бо зикри воқеаҳои фаъолият дар телевизион оид ба самтҳои мухталифи васоити ахбори омма музокира карда, ба саволҳои ироанамудани иштирокдорон посухҳои мушаххас дод.
Маврид ба қайд аст, ки маҳфили “Нерӯи сухан” ҳар ҳафта бо ширкати журналистони ботаҷриба ва ҷалби зиёда аз 40 донишҷӯи ихтисосҳои мухталифи донишгоҳ доир мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил


