​Куҷо фарзанди ноқобил гиребони падар гирад (дар ҳошияи матлаби фейсбукии Саидюнуси Истаравшанӣ)


Дар саҳифаи фейсбукиаш Саидюнусӣ Истаравшанӣ бо як ҳангома ба масъалаи интихоби кадрҳои роҳбарикунандаяк “назар”-и рўзноманигор Зафари Суфиро, ки ў худро ҳамчун як “ғамхор”-и миллат ва “пуштибони масъалаҳои миллӣ” дар он бозтоб бахшидааст, ҷой додааст. Дар оғози матлаби нашршуда ЗафариСуфӣ доир ба шахсияти худаш ва дўстони ҳамақидаву ҳамсафаш маълумот оварда, онро намунаи олии ҷавонмардӣ ва озодиву меҳрубонӣ унвон ниҳодааст ва нафаре, ки бори нахуст ин навиштаро мутолеа мекунад, аз ҳадафҳои пасипардагии ин нафари гумроҳ ноогоҳона бовар менамояд. Вале, матлаби навишташуда на сари масъалаи миллату давлат ва таъини кадрҳои арзанда ба мақомҳои роҳбарикунанда, балки ин ҳадаф паси пардаи ҳадафҳои сиёсӣ қарор гирифта, чеҳраи воқеии муаллифашро нишон дода наметавонад. Аз унвони матлаби навишташуда, ки номаш “Маҳалгароӣ” аст, аён мебошад, ки ў боз як нағмаи дигареро Саидюнуси Истаравшанӣ ба саҳнаи иғво ворид карданист. Зафари Суфӣ ҳарчанд худро аз ин дарди манфур орӣ медонад, аммо худ бехабар аст, ки ба ин бемории бедаво худ гирифтор шудааст. Масалан, ба воситаи Саидюнусӣ Истаравшанӣ, ки бо номи “истаравшанӣ” баромад кардани ў худ ба оташи маҳалгароӣ доман задан аст, паҳн кардани ин матлаб маҳалгароиву ҷудоихоҳие беш нест. Чароки бо эътирози ҳамшаҳриёнаш Саидюнусӣ Истаравшанӣ чандин моҳ аст, ки рўбарў шудани “даъвогар” ба он шаҳодат медиҳад, ки ў дар симои одамӣ нақши шайтониро офарида истодааст. Зафари Суфи агар мехоҳад воқеан решаи маҳалгароӣ дар бех канда шавад, бояд баСаидюнусӣ Истаравшанӣ тавсеа диҳад, ки аз тахаллуси “истаравшанӣ” даст кашад. Зеро ба нисбияти Истаравшанӣ чандин шоирону олимон ва ҳунармандону косибон то имрўз маъруфият пайдо кардаанд ва онҳо ҳақ доранд барои касби чунин нисбият. Аммо шахсиятҳое мисли Саидюнуси Истаравшанӣ бояд аз рўйи виҷдон аз ин кор даст кашад ва шаъни гузаштагони худро дар арсаи байналмиллалӣ пас назанад. Акнун бар мегардем сари матлаби дуюми Зафари Суфи. Дар навиштаи ў пас аз зикри ҳаёти шахсӣ тағироти кадрӣ ҷой гирифтааст. Муаллиф бешармона дар раванди тағйири кадрҳо як ҳадафи худро, ки афрўхтани оташи маҳалгароӣ дар байни ҷомеаи имрўзини Тоҷикистон мебошад, ошкор сохтааст. Ў дар мисоли кадрҳои шаҳри Исфара таъкид кардааст, ки бояд кадрҳои маҳаллӣ дар мансабҳои ин ноҳия таъйин шаванд. Зафари Суфи дар хориҷи кишвар хоб дидааст, ки дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомотҳои идорӣ исфарагиҳо кор намекунанд. Аз дур истода ба таҳлили ин масъала пардохтан худ аз хушунати шахсии ин нафари тавтеаталаб дарак медиҳад. Дигар ин,ки бисёр кадрҳое имрўз дар вилояти Хатлон ё дигар ноҳияҳо ҳастанд, ки аз шаҳри Исфара ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд. Зафари Суфи доир ба шахсони наздики роҳбарияти олии сиёсӣ андешаронӣ карда, як буҳтони дигарро пеш овардааст. Худаш, ки яке бо яке аз нафарони наздики хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ робита барқарор кардаасту пулҳои аз хоҷагонашон гирифтаро байни худ тақсим мекунанд, бо ҳамин шева ба кадрҳои имрўзини кишвар, ки ба боварии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон даромадаанд, муомила кардааст, ки бисёр ғалат мебошад. Вақте навиштаи ў мутолеа мешавад, кас ба ин хулосаҳои амиқ омада мерасад, ки чунинанд:

  • Зафари Суфӣ, ки аз маҳалгароӣ худро барканор мегирад, вале дар асл ба ин бемории маргзо мубтало шудааст.
  • Дар паси матлабҳои парешони ин шахсияти тавтеахоҳ ҳадафҳое пинҳон шудаанд, ки ба ангехтани эҳсосоти мардум доман мезанад.
  • Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ маҳалгароиро ҳамчун байрақ барои пиёда сохтани ҳадафҳои худ истифода бурда, ба дили мардум тухми нифоқ мекоранд.
  • Ба чунин масъалаҳои маҳалгароӣ на ин ки як намояндаи як гуруҳи алоҳида, балки як коршиноси сатҳи байналмиллал ва ё олимону шоирони ин марзу бум ҳуқуқи ҳарф задан доранд. Чаро ки ин масъала барои ваҳдати миллӣ ва истиқрору оромӣ хидмат менамояд.

Акнун суоле пайдо мешавад, ки чаро чунин нафарон аз ҳамин гуна матлабҳои ҳангомабарангез истифода мебаранд ва аз худ қаҳрамони миллат метарошанд. Ба ин савол аз чанд дидгоҳ метавон посух гуфт:

  • Чунин нафарон аз як равзанаи танги шахсӣ ба масъалаи миллият назар медўзанд.
  • Бо бозтоб бахшидани як матлаби ҳангомабарангез ҷомеаро ба таҳлука меандозанд, ки ин барои миллат хатар дорад.
  • Бо душманони миллат ва фурухташуда робитаи устувор пайдо кардаанд, ки миллияти онҳоро зери суол қарор медиҳад.

Дар маҷмўъ, метавон таъкид кард, ки шахсиятҳое, ки барои озодии сухан шояд кореро анҷом доданӣ буданд, бо алоқамандӣ аз ҳар гуна гуруҳҳои сиёсӣ натавонистанд, ки ҳамчун шахсият мақом пайдо кунанд. Аз ин ҷиҳат, аз гирдоби гуруҳиву мафкуравии шахсиятҳои алоҳида бурун рафта натавониста, имрўз гиребони миллатро мегиранд. Чи тавре ки шоир мегўяд:

Куҷо фарзанди қобилро кӣ аз ҳолаш хабар гирад?

Куҷо фарзанди ноқобил гиребони падар гирад.

Каримов Кайхусрав – омўзгори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ