​Баргузории маҳфили “Нерӯи сухан”

Дар факултети забонҳои хориҷӣ маҳфили навбатии "Нерӯи сухан" бо ҳузури собиқадори соҳаи матбуот Карим Шариф баргузор гардид.

Чорабиниро сармутахассиси маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ Нурматов Шодмон оғоз карда, меҳмонро ба аъзои маҳфил шинос намуда, қайд кард, ки устод Карим Шариф яке аз шахсиятҳое мебошанд, ки дар самти рӯзноманигорӣ фаъолияти бою, таҷрибаи зиёди корӣ доранд.

Карим Шариф иброз дошт, ки касби рӯзноманигорӣ аз рӯзноманигор масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Рӯзноманигор бояд ҳамаҷониба ташаккул ёфта, дӯстдор касби худ ва фарогири ҷаҳонбинии васеъ бояд бошад. Рӯзноманигор маҳз тавассути навиштан, малака пайдо мекунад. Ӯ бояд ҳақиқатнигор бошад, чизеро ки иншо мекунад, барои ҷамъият нафъовар бошад.

Баъдан Карим Шариф аз фаъолияти публтистии худ ҳарф зада, ҳозиринро ба муҳтавои 14 китоби очерк ва мақолаҳои публисистиаш шинос намуд.

Дар рафти маҳфил оид ба мавқеи журналист дар ҷомеа ва усули нигориши маводи публистӣ музокира сурат гирифт.

Буҳовадинов Саидфарруххон ва Дилфузахон Қаюмова - аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ