Изҳороти омўзгорони ҷавони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ
Мавриди зикр аст, ки дар оғози солҳои навадуми асри бист ва баъдтар, дар чанд матолибе, ки ба қалами Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва чандеи дигар тааллуқ доштанд, то як андоза талош барои ҳақиқати таърихӣ, яъне чун «ҳифзи Ватан аз истилои бегона» муаррифӣ кардани ҳаракати ба истилоҳ «босмачигарӣ» сурат гирифт. Аммо ин навиштаҳо ба вокуниши сахти таърихнигорони тоҷик рӯ ба рӯ шуд. Ҳамчунин, баъди нашри ин матолиб, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Бархе мардум корҳоеро анҷом доданд, ки дар ибтидои садаи ХХ босмачиёни ҷоҳпараст амалӣ намуда буданд. Имрўз низ як идда дар давлатҳои хориҷӣ паноҳ бурдаву ба ватани худ санг меандозанд ва бо амалхоҳи зиддиинсонӣ худро қаҳрамон мепиндоранд. Қаҳрамонҳои садаи ХХ1!!! Кош ин қаҳрамонон бар манфиати ҷомеа ва Ватан амал менамуданд. Ба ҷойи суханбозиву афсонахонӣ корҳои хубу созандаро анҷом медоданд. Бо шиорҳои ватанситезанда зидди ҳаммиллатони худ санг намепартофтанд. Баъд аз шунидани мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ баъди анҷоми мулоқот ва суханронии намояндагони Тоҷикистон дар Женева ҳақиқатан инсон дарк мекунад, ки ин идда фақат барои манфиати худу хоҷагони хеш амал мекунанд. Маълум аст, ки сарчашмаи тамоми ин рафтори мухолифин бухлу ад аст. Афсўс ва сад афсўс, ки бархе афрод мардуми тоҷикро, ба ҷаҳониён мехоҳандҳамчун инсонҳои нодону ҷоҳил муаррифӣ кунанд, вале таърих борҳо исбот кардаст, ки ҳар ки бар зидди халқи худшамшер кашад, аз зарби он худ нобуд мешавад.
Мо омўзгорони ҷавони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ имрўз аз шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои бебунёду ғаразноки мухолифинро мехонем ва ба афсўс мехўрем, ки чунин мардуми носипосро модари тоҷик ба дунё овардаву тарбия намудааст.