Арзандамарде, ки Пешвои мост
Мо хуб огоҳ ҳастем, ки дар ҳар давру замон нафаре ҳаст, ки бар манфиати худ кор мекунад. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ доир ба ин масьала бисёр гуфтаҳо ба назар мерасад. Яьне бар зидди давлат баромадани баьзе аз нафароне ба монанди Мухиддин Кабирӣ, чунин давлати ободу зеборо чигуна паст задааст. Мо ҷавонон на бояд ба ин гуфтаҳо ҳамроҳ бошем чунки имрӯз яке аз воситахои рушди ҷомеа ин марифатнокии ҷавонон ба ҳисоб рафта, аз оила сар карда, дар муассисаҳои таьлимую тарбиявӣ тарбияи маьрифатӣ ва ақлонӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки аллкай чи будани давлати моро, сарвари моро бачагони хурдсол низ таҳлил карда метавонанд.
Ташвиқотҳои бардуруғе, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҷой додашудааст, беҳуда, беасосо ва бемаъно мебошад, ки шахси ақли солимдошта ҳеҷ бовар намекунад, чунки халқ худ шоҳиди зинда мебошад, ки Пешвои муаззами миллатамон дар муддати кутоҳ ҷанги хонумонсузро бартараф намуда, барои халқи мо зиндагии бо саодату омоиштаро эҳё намуданд. Бо сарварии он кас истиқлолияти миллии тоҷикон ба даст оварда шуд. Тавассути давлатдориашон халқи тоҷикро дар арсаи баналмиллалӣ муаррифи намуда, дар муддати кутоҳ Тоҷикистони сарзабзу хуррамро дар ҷаҳон ҷовидон гардонд. Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллат ҳастем, барои пойдории давлати соҳибистиқлоламон ҳиссагузорӣ намуда, Паёмҳои Пешвои миллат ва дастури супоришҳои Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаьолияти худ ҳисоб мекунем.
Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале ин қувваро танҳо дар ягонаги ва ҳамрох будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобарин, ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба хотири беҳбудии вазъи ҷавонони имрӯз, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, тараққи бидиҳем. Таълиму тарбияти ҷавонон дар руҳияи меҳандустӣ, илму фарҳангдустӣ ва арзишҳои демократӣ бояд диққати аввалиндараҷа дошта бошем.
Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умуми Файзиев Аҳмадҷон