​Изҳороти кафедраи журналистика ба маводи Муҳаммадиқболи Садриддин “Каримов Раҳим дар САҲА ҳамаро бо баромадаш хандонид”

Маводи мазкур санаи 23.09.2019 дарҷ гардида, аз ҷараёни конфронси САҲА иттилоъ додааст. Аммо хабари мазкур на хусусияти иттилоотӣ, балки як навъ луқмапартоӣ буда, суханронии Каримов Раҳимро тамасхуромез баён намудааст. Ба андешаи мо ин тарзи пешниҳоди иттилооттанҳо ба хотири паст задани шаъни маърузачӣ буду халос.Зеро аз тарзи пешниҳоди муаллиф танҳо ҳамин хулоса меояд, ки ӯ ба ҷузъ таънаву айбҷӯӣ дигар мақсаде надора.

Муаллиф аз тарзи гуфтор ва лаҳҷаи маърӯзачӣ андешаҳояшро баён намуда, тамасхур ва писхандомез онро “таҳлил” намудааст. Ӯ худро донишманд тарошида,бо ишораҳои махсус шаъни ӯро паст задааст. Ба назари мо ғарази ӯ баръало эҳсос мешавад. Бинобар ҳамин кафедраи журналистика изҳор медорад, ки пеш аз он ки ба маърӯзаи касе айбу эрод гирифтанӣ бошанд, нахуст аз одоби посух воқиф гарданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ