Наҳзаниҳои беасоси дини мубини ислом аз баҳри чӣ?
Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳоло дар ҷамъияти муосир шахсонеро вомехӯрем, кибо номи мухолифони сиёсӣдар мобайни мардум машҳур гардидаанд. Баробари хондани ин ибора, яъне “мухолифони сиёсӣ” дар пеши назари мо намояндагони фитнагари ҲНИТ, ТТЭ ва онҳо барин ташкилотҳои барои ҷамъият бегона мегузарад. Касби онҳо ҷорӣ намудани ҳисси бадбинӣ нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарвараш, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Он мухолифони сиёсӣ дар замони истиқлолият тарҷума ва нашр гардидани Қуръони каримро бо забони тоҷикӣ ва дастраси мардум гардидани онро аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд, ки он ба хотири боло бурдани маърифати динии шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибтамаддун мебошад.Вале он мухолифони тамоми инсонияти рӯи замин касби фитнаангезию иғвогариашонро давом дода, рӯирост давлати моро бо халқи меҳнатқаринаш наҳ мезананд.
Мавзӯи асосии баҳси он мухолифони сиёсӣ танҳо бадномкунӣ ва сӯиистифодаи дини мубини ислом асту халос. Даст задани ташкилотҳои ба ном ҳизбҳои “исломӣ” ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳи тамоми давлатҳои ороми дунё мардуми сулҳпарвари тамоми гетиро ба таҳлука овардааст.
Барпо намудани нооромӣ танҳо барои мухолифини сиёсӣ баҳона асту халос. Аммо сарвари мамлакати мо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамаи мусулмонони Тоҷикистонро вазифаи аввалини худ мешуморанд ва тамоми оламаз донишмандӣ ва хоксории Президенти кишвари мо, Тоҷикистон бохабар аст.
Азбаски ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллати моро чун мусалмони бонуфуз шинохтааст ва номи ӯ дар қатори панҷсад мусалмонони бонуфузи дунё ҷой гирифтааст, ин муваффақиятро чашмони каҷбини мухолифони сиёсӣ дида наметавонад. Он мухолифони давлату миллати мо аз эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои исломӣ дар кишварбо дастуру нишондоди Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳлука афтида, аз нав бӯҳтонҳои нав ба навро ифшо ва қалбашонро таскин дода истодаанд. Аммо миллати тоҷики имрӯза бо доштани чунин Президенти фозил ва арҷманд ифтихор менамояд ва чунин Сарвар бар ҳар миллату давлат насиб нагардиданашро эҳсос мекунад.
Мухолифони сиёсӣ аз тасаввуроти нодуруст доштани баъзе ҷавонон дар бораи дини мубини ислом сӯиистифода мебаранд. Ҷавонон аз ҷавҳари ин дини поку беолоиш ноогоҳанд, барои ҳамин ба корҳои номатлуб аз номи дини мубини ислом даст мезананд.
Онҳо умуман бохабар нестанд, ки душманони дини мубини ислом муноқишаҳои низомиро ташкил менамоянд, ҷавонон ва мардумони гумроҳ бо онҳо ҳамдастӣ мекунанд ва онҳо тамошобин мешаванд. Ҳадафи он нерӯҳои ҷангхоҳ идора кардани ҷаҳони муосир бо паҳни бетартибиҳо буда, тамоми оламро ба коми ҷанг кашиданӣ асту халос.
Дар муддати ин 27 соли соҳибдавлатии мамлакатамон Тоҷикистон корҳои азиме ба анҷом расиданд, ки чашм ва гӯши он мухолифони сиёсӣ аз дидан кӯру аз шунидан кар гардида, дар ҳар лаҳзаи воқеот хотирмон тӯҳматҳои нав ба навро бар сари ҳокимияти кишвари мо – Тоҷикистон бор карда истодаанд. Аммо халқи тоҷики муосир онҳоро ҳеҷ гоҳ дастгирӣ намекунад ва нахоҳад кард, барои ин мо хизматчиёни давлатӣ дар қатори аввали ҷамъият истода, садди роҳи гуфтаҳо ва корҳои номатлуби онҳо мегардем.
М.А. Абдуллоева декани факултети забонҳои хориҷӣ