Аз мост, ки бар мост…
Мо дар кишвари орому осоишта, сабзу хуррам, бою баобрў зиндагонӣ карда истодаем. Ба ҳамаи ин шукр мегўем ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузорем. Ин гуна пешрафт, тараққиёт дар давраи ниҳоят кўтоҳ, яъне 27 соли Истиқлолият ба даст омад. Сабаб чист? Муттаҳидии мардум, тифоқии тоҷикистониён аст. Сабаби дигари он боварӣ ба ҳамдигар ва ҳамдигарфаҳмии комиласт. Мо ба Сарвари хирадпешаю дурандеши худ боварӣ дорем ва аз рўи нишондоди он кас фаъолият бурда истодаем. Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба халқи худ боварӣ доранд ва ин бовариихудро борҳо рўирост баён кардаанд. Ана, ҳамин чиз сабаби дар оянда ҳам боиси пешравиҳои зиёд мегардад. Чӣ хеле ки мегўянд: - Аз мост, ки бар мост… Мо ба ояндаи нек боварии комил дорем.
Дар бораи Шарофиддин Гадоев низ бо боварӣ сухан мекунем. Охир, вай ҳоло ҷавон аст. Дар оянда барои Ватан корҳои зиёдеро карда метавонад. Вай хатогӣ ва камбудии худашро фаҳмидааст. Дар ин бобат ба Тоҷикистон омадани ў, авфи гуноҳашро пурсидани ў қобили таҳсин ва офарин аст. На ҳар кас чунин ҷавонмардона рафтор карда метавонад.
А. Сатторзода ва чанд нафари дигарро Тоҷикистон авф кард-ку! Дар ин бобат ягон ҷои шубҳаю ҳангомасозӣ нест. Тоҷикистони мо кишвари одамони дилсофусербовар аст. Қонунҳоион ҳамҳама дар асоси ғояи инсондўстӣ (гуманизм) таҳия шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон низ шахси инсондўст, халқпарвар, бомулоҳизаю дурандеш мебошанд.Ҳеҷ гоҳ шитобкорона ба ҷазодиҳӣ ҳукм намебароранд.
Боварӣ дорем, ки Ш. Гадоев ба қавли мардонааш устувор мемонаду гуноҳҳои содиркардаашро бо меҳнати ҳалолу покизааш ба нафъи Ватану миллат мешўяд…
Аммо дасисакорони хориҷии ў чӣ? Онҳо боз ҳамон тавр рўсиёҳуиғвоангез боқӣ мемонанд. Боз чандин нафар шахсони гумроҳшуда аз тақдири ояндаи Ш. Гадоев ибрат гирифта, узрхоҳона ба Тоҷикистон бармегарданд. Ин ба манфиати мо – ҳамватанон ва худи онҳо хоҳад шуд. Бинобар ин ҳангомаю воҳимасозии Муҳиддин Кабирӣ ва атрофиёни ўро маҳкум менамоем. Ин ҳангомаю воҳимасозии онҳо чун ҳубоби собундар рўи об аст, ки худ аз худ (бе дахолати ягон кас ё чиз) кафида, маҳв мегардад. Аз онҳо дигар ягон нишоне намемонад. Биёед, дўстони азиз, ба ҳамдигар бовар кунем. Сазовори боварии ҳамкорон, атрофиён, сарварони худ бошем. Баҳри решакан кардани иғвою дасисаҳо доимо омода бошем.
Гуруҳи эҷодии рўзномаи «Нури маърифат.»