Пули миллӣ
Пули миллӣ, ки дар минтақаи гардиш эътибори кофӣ дорад, рамзи шоёни Тоҷикистони мустақил гашт ва ба сифати воситаи боэътимоди танзими иқтисодиёти тараққикардаистодаи кишвари мо хизмат хоҳад кард. Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил маҳсуб мегардад, ки таваҷҷӯҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст.
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон намуди нави эътироз алайҳи сиёсатҳои раисҷумҳурро кашф кардаанд, ки ин кори бениҳоят паст ба ҳисоб меравад, яъне мардум эътирози худро рӯи пули миллӣ навишта истодаанд. Талабҳои гуногун рӯи пулҳо аз 1-сомонӣ то 500-сомонӣ навишта шудаанд.
Ба фикри моён ин коре, ки ингуна одамон ба сомон дода истодааанд, худ беақлу хирадӣ ва беилму донишии ингуна одамонро нишон медиҳад.
Вақте, ки фарзандони мо соҳиби илму дониш, худшиносу бофарҳанг бошанд, ингуна навиштаҷотро дар ҳеҷ гуна ҷойҳо ҷой намедиҳанд.
Ҷавононе, ки илму дониш аз бар накарданд, таърихи гузашта ва имрўзаи миллати худро надонистанд, ба суханони шахсони ҷинояткор ва баъзе мухолифони миллат бовар карда, ба роҳи хато мераванд.
Вақте, ки фарзандони мо соҳиби илму дониш, худшиносу бофарҳанг шуданд, душманони миллат онҳоро истифода бурда наметавонанд.
Боиси зикр аст, ки мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва тафаккури солим тарбия кунем, зероҷамъиятро асосан ҷавонон ташкил мекунанд.
Кафедраи грамматикаи забони арабӣ