Изҳорот оид ба бозгашти Шарофиддин Гадоев ба Ватан
Роҳбари ҳизби террористии наҳзати ислом дар кишвари Аврупо паноҳ бурда, бо сарпарастии хоҷагони хориҷиаш чанде аз ҳаммаслакони гумроҳшудааш: Абдусаттор Бобоев, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Шўҳрати Раҳматулло, Темури Варқӣ, Саидюнус Бурҳонов… ва ғайраро ба доми макру тазвир кашида, аз пайи амалӣ сохтани нақшаҳои риёкоронааш миён бастааст. Яке аз наздикон ва зердастони роҳбари ҳизби мамнўъ аъзои гурўҳи «24» Шарофиддин Гадоев аз кирдори худ пушаймон гашта, рўзи 15-уми феврали соли ҷорӣ ба Ватан баргашт. Ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом, ки ба худ номи «Паймони миллӣ»-ро гирифтааст, бо ташкили гиридиҳамоӣ, бо пахши эълону овозаву ҳангомаҳои гўшношунид барои аз даст надодани боварӣ ва маблағҳои хоҷагони хориҷиаш девонавор худро ба ҳар кўю дар заданд. Аммо, алорағми ҳама интизориҳо охирин умеди эшон ба боди фано рафт. Пас аз шикасти нақшаҳои тарҳрезишудаи роҳбари ҳизб ва аз даст рафтани боварӣ ва сарпарастии хоҷагон сафи зердастон ва чоплусони раҳбарияти ҳизб рахна ёфт. Нафароне, ки ба доми фиребу тазвири роҳбари ҳизб афтода, солиёни дароз дар хидмати хоҷагони хориҷиашон дар нооромкунии вазъияти сиёсии кишвар, халадор кардани амният ва бесуботӣ миёни ҷомеа мекўшиданд, ҳамакнун ба худ омаданд, ки доманашон бо ваъдаҳои пучу беасос пур аст. Роҳбари ҳизб ба ҷуз аз ғами пул дигар парвои нафароне, ки аз пайи ў дар ботлоқи фаҳшу фиреб дармондаанд, надорад. Шарофиддин Гадоев хатогиҳои содирнамудаашро эҳсос намуда бозгаштан ба Ватан, ба назди пайвандон ва авфи гуноҳони содиркардаашро авлотар донист. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Роҳбари давлат ба нафароне, ки аз кирдорҳои содирнамудаашон пушаймон шудаанд, аз ҷавобгарӣ озод шуданро кафолат додааст.
Манонова М. - сармуаллимаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносии факултети санъат