Нест бод ақидаҳои моҷароҷӯёна ва ифротгароёнаи ҲНИ
Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо - Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгароие низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънии ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои моҷароҷӯёна гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишхои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромуш месозанд.
Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва азонихудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад. Фаъолияти экстремистӣ – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ вобаста ба банақшагирӣ, ташкилкунӣ, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое мебошанд, ки барои иҷрои як қатор мақсадҳои ғаразнок равона карда мешаванд.
Бо сабабҳои маълум гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор бо қувваҳои сиёсӣ дохил шуда, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонида, бо роҳи фишору зуроварӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат мегиранд.
Ифроту ифротгароӣ падидаи номатлуб мебошад ва ба зӯроварию таҳдид робитаиногусастанӣ дорад. Ифротгароён ҳама гуна муросо, созиш, музокирот, сулҳро сарфи назар менамоянд. Барои онҳо мафҳумҳои дӯст доштани Ватан – Модар бегона буда, танҳо ноил шудан ба ҳадафҳои нопокашон муҳим аст.
Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) яке аз ин мисолҳост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо маҷсади амали намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст. ҲНИ лӯхтаки дасти кадом хоҷагони хориҷӣ мебошад. ҲНИ дар гуфтор зидди терроризму экстремизм бошад ҳам, лек дар асл онҳоро тарафдорӣ мекунад.
Аз ин лиҳоз, мо омӯзгорон бояд дар ин лаҳзаҳои барои халқу миллат тақдирсоз ҳамкориро бо дастгоҳи идеологӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои қудратӣ пурзӯр намуда, барои ошкор ва пешгирӣ кардани афкори авомфиребона, пурмакру хиёнати Ҳизби наҳсати исломиро ба аҳли ҷомеа ошкор намоем. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ҳаракати ҲНИ-ро мо маҳкум менамояем, зеро онҳо ба ниятҳои нопоки худ нарасиданд ва нахоҳанд расид.
Факултети санъати тасвирӣ ва технология, кафедраи Т ва МТО Бобоҷонова Ш.У.