​Шукргузори даврони Истиқлол бошему фирефтаи гуруҳҳои ҷиноятпеша нашавем.

Дар даврони Истиқлолият дар Тоҷикистон дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Таъсири тағироти сиёсӣ, аз қабили бисёрҳизбӣ, озодандншӣ, парлумони касбӣ, интихоботи алтернативӣ ва ғайра дар ташаккули афкору маърифати сиёсии мардум нақшихосагузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таври мунтазам ба минтақаҳои гуногуни кишварамон сафар карда, оид ба дастовардҳо шиносшуда барои бозҳам вусъат додани ободониву созандагӣ дар ин минтақаҳо фикру андешаи худро баён менамоянд. Аз ҷумла дар сафари ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рафтаашон бо дастовардҳои дар муддати 27 соли истиқлолият шиносгардида якчанд иншоотҳои навро мавриди истифода қарор доданд. Имрўз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳои буҳтониро нисбати мамлакатамон паҳн намуда истодаанд. Он пешравиҳое, ки дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва умуман дар ҷумҳуриамон дар давоми 27 соли соҳибистиқлоли шудааст,дар давоми 75 соли Иттифоқи шўравї нашуда буд. Дар муддати кутоҳ дар ин вилоят 155 муассисаи таълимӣ барои 35 ҳазор ҷои нишаст, 93 муассисаи табобатӣ, 120 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ сохта ба истифода додашудааст ва даҳҳоиншоотҳои нав ба нақша ворид карда шудааст. Оё ин ободкориву созандагӣ баҳри беҳбудии халқ нест? Мо бояд ҳама шукргузори аз он кунем, ки дар саросари кишварамон оромиву осоиштагӣ танинандоз аст. Махсусан ҷавононе, ки дар давраи истиқлолият ба дунё омадаанд ва азобу шиканҷаҳое, ки дар давраи ҷанги шаҳрванди буд надидаанд. Ваҳдати миллӣ бо осонӣ ба даст наомадааст. Мо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ва алалхусус ҷавонон фирефтаи чанд гуруҳҳои ҷиноятпеша нашавем. Мақсаду имароми онҳо яктоаст, ин ҳам бошад бо воситаи терроризму экстремизм вайронкардани тинҷиву оромии Ватани азизамон мебошад. Аз ин лиҳоз тамоми мардуми тоҷику тоҷикистониёнро даъват ба амал меорам, ки ба қадри сулҳу ваҳдат, тинҷив оромии кишвари биҳиштосоямон расем. Аз ҷавонон даъват ба амал меорам ҳар шахсе, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд қарзи муқаддаси хеш ва ҳимояи Ватанро фаромуш созад. Агар сарзамини хешро худи мо ҳимоя накунем, пас Ватан – модарро кӣ ҳимоя мекунад!

Айни ҳол шахсоне ёфт мешавнд, ки дар байни ҷавонон тафриқаандози намуда кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавонон аз ҳимояи Ватани хеш худдорӣ намоянд, ки ин ба нафъи гуруҳҳои ҷиноятпеша мебошад.

Ҳар шаҳрванде ба ин гуна ҳодисаҳо даст мезанад, бояд дар хотир дошта бошад ва шукрона кунад, ки имрўз давлати соҳибистиқлол дорем ва дар ин муддати кўтоҳ чӣ қадар ободониву созандагӣ шуд. Барои ба чунин рӯзҳо расидан миллати тоҷик чӣ қадар азият диду ранҷ кашид. Бояд ба ҳар яки мо истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллат бояд бошад.

Ин неъмати бузург ба Тоҷикистони азиз, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзизтӣ ва осоиштагиву абадият овард.

Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда миллати баруманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд ва нахоҳанд расид. Зеро ин миллати бузургро марди дунёдида, чаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Пешвои Муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон роҳбаладӣ мекунад.

Маҳз бо заҳмати ин марди бузург,тоҷикони ҷаҳон бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.

Чӣ қадар кӯшиш ба иғво андохтанро кунанд ҳам имрўз шуури мардум аз ҷиҳати фаҳмиш ва таҳлилу хулосабарориҳо хеле пеш рафттааст. Дигар фирефта намешаванд, чунонки халқ мегўяд: «кўр асояшро як бор гум мекунад».

Охунова Муҳаббат – омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ