Душанбе мизбони саммити кишварҳои Осиё
Мо зиёиён ифтихор аз он дорем, ки пойтахти кишвари зебою дилрабои мо шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмиллалӣ табдил ёфтааст. Дар ин самт хизмат ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело калон аст.
Маҳз бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар мамлакати мо якчанд маъракаҳои муҳими илмӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир гашт, ки ҳар кадоми онҳо аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа аҳамияти глобалӣ барои минтақа ва ҷаҳон дорад.
Бояд қайд кард, ки сентябри соли 2018 дар ҳошияи Иҷлоси 73-и Маҷмаи Умумии СММ ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии МҲТБО баргузор гардида буд, ки дар он раёсати давраии Машварат барои солҳои 2018-2020 аз мамлакати ба мо бародар Чин ба Тоҷикистон гузаронида шуда буд.
Хурсандиовар аст, кипойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе
аз 14 – 15 июн мизбонии Саммити давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба уҳда дошт. Дар ин маъракаи бонуфузи сиёсию иҷтимоӣ сарони 27 мамлакат ва ҳукуматҳои кишварҳои Осиё иштирок намуданд. Дар Саммит масъалаҳои вобаста ба минтақа инчунин ташаббусҳо ва дарёфти механизмҳои ҳалли самаранок дар сатҳи баланд баррасӣ гардид. Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар дунё вазъияти байналмилалӣ ба куллӣ тағйир ёфта, кишварҳо дар бисёр вақт яктарафа бар зиёни дигарон фаъолият мекунанд, ки ба меъёрҳои муносибатҳои байналмилалӣ мувофиқи надорад. Аз ин миён терроризм ҳам чун хатари ҷиддӣ боқи мемонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати МҲТБО-ро дар шароити хело ҳассос бар уҳда гирифта, барои гуфтугӯи васеъ ва афкори кушод ҷиҳати таҳкими ҳамкории амалӣ бо мақсади таъмин кардани ҳамдигарфаҳмӣ кӯшиш ба харҷдод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш ҳамаруза таъкид менамоянд, ки “халқҳои Осиё бо риштаҳои ногусастании таърихи ягонаи пурғановат ва фарҳангҳои гуногунранг пайванд ҳастанд ва амиқ дарк мекунанд, ки роҳ ба суи сулҳ ва шукуфоӣ аз тариқи бунёди минтақаи пурамну субт мегузарад ва онро дар минтақаи фарохи миёни се уқёнус бо кӯшишҳои муштарак сохан мумкин аст”
Мо боварии комил дорем, ки машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё нақши асоси ва муҳими табодули васеу кушодаи ақидаҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории амалӣ бо мақсади таъмини сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва муваффақ шудан ба консенсуси фароосиёи доир ба мушкилоти аслиро мебозад.
Тоҷикистон омода аст, ки дар ин раванд фаъолона иштирок намуда, барои расидан ба мақсаду вазифаҳои таҳкими ҳамгироии байни давлатҳои Осиё дар самтҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, ки дар доираи Машварат мувофиқа шудаанд, саҳм и худро гузорад. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити гузаштаи МҲТБО, ки соли 2014 дар Чин баргузор гардида буд ёдовар шуданд: “Осиё хонаи умумии мост. Ҳама хоҳони онем, ки дар хона сулҳу субот ҳукмфармо бошаду тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯи пешрафти умумӣ ба тартиб дарорад”.
Аз номи кафедра геометрияи тасвирӣ, нақшакашӣ ва методикаи таълим