​Суруди миллӣ- муқаддасоти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон

Суруди миллии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Парчам, Нишон муқаддасоти давлати маҳсуб мешавад.

Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчам, Нишон ва Суруди миллии худ дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои Истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба суруди миллӣ маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла дар боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги миллии мо дар давраи Истиқлолият мебошад.

Боиси сарфарозии ҳар яки мост, ки имрӯз Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷуманҳо, вохӯрии сарварони давлатҳо, дар озмунҳои байналхалқӣ баланд садо медиҳад.

Аз файзи Истиқлолият ва неъматҳои сулҳу ваҳдат имрӯз Суруди миллӣ баёнкунандаи иқболу истиқлол, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии кишвари азизамон буда, дар он волотарин мақсаду мароми тоҷикон баён гардидааст.

Бинобар он бояд ҳар як хонандаю донишҷӯи муассисаҳои таълимӣ онро бояд донад ва сармашқи зиндагии худ намояд.

Мо аҳли омӯзгорон, кураторон ва донишҷӯёни ихтисоси геоэкология пешниҳоди маорифчиёни ВМКБ доир ба пеш аз оғози машғулиятҳои таълимӣ хондани Суруди миллиро хонда, таҳлил намуда, ба хулоса омадем, ки дар ҳақиқат хондани Суруди миллӣ дар соати аввалин дар толибилмон ҳисси ватандӯстию меҳанпарастиро боз ҳам зиёд менамояд.

Кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ