​Изҳороти устодони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Бузургтарин неъмат ин истиқлолият мебошад, ки баъди интизориҳову ноумедиҳо барои миллати шарифи мо муяссар гардидааст. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ мамлакати мо пешрафт кунад. Мо тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотираҳо фаромӯш шударо дубора зинда гардонем. Бо ташаббус ва кӯшиши Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикситони мо зебову обод ва ба як кишвари биҳиштӣ табдил ёфт.

Аммо баъди пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон боз хоинон ва хоҷагони ҳизби наҳзати ислом пайдо шуданд, ки Тоҷикистон 25 сол дар оғӯши худ парваридааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби наҳзати ислом соли 1991 дар Ҷумҳурии Афғонистон ва баъдан бо дастгирӣва пайгироии сарвари давлатамон баъди истиқрори сулҳ соли 1997, аз 28 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии мо Тоҷикистон низ ташкил карда шуда буд.

Лекин аз ҷониби ҳизби мазкур нисбати давлати сохибихтиёрии мо халалдорӣ пайдо намуда, 6 соли охир аъзои он чиноятхои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд. Мақсади фаъолият намудани ин ҳизби мазкур муайян гашт, ки даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва аминияти давлат мебошад. Маҳз шурӯъ аз соли 2010 тавассути рӯзномаи «Наҷот» низоми диниро нашр намуда, бар зидди сохти конститутсионӣ нашрҳои бисёр аз чоп мебаромаданд. Бо ин амалҳои худ мехостанд барои сарнагун сохтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш карда онро халалдор созанд.

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 30 Конститутсия муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣэътироф шавад.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи зиёиёни кишварро вазифадор кардаанд, ки дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, пайравӣ ба ақидаву фарҳанги бегона, ғайриқонунӣ фиристодани фарзандон ба муассисаҳои бо ном таълимии динӣ, ки ба амнияти давлату миллат хатар мерасонанд корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро ба роҳ монанд.

Инчунин Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «Касоне, ки аз паси таблиғотчиёни афкору мазҳаби бегона мераванд, дар хотир дошта бошанд, ки мо мазҳаби таҳаммулгароии худро дорем ва пири мазҳаби мо шахсияти барҷастаи олами ислом – Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошанд. Мо ҳаргиз мӯҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем ва кӯшишиҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеъона маҳкум мекунем». Доир ба ҷавонон, ки дар оянда хизмати содиқона карданашонро давлату ҷамъият умедвор аст дар шароити бисёр мураккабу печидаи замони муосир аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ҷавонон бояд шукргузори миллату давлат, пойдор будани сулҳу субот, сохти конститутсионӣ ва давлати демоктарӣ будани давлатамон, аз шароити фарҳоҳам овардан барои гирифтани илму донишро пеша карда, барои пешрафти халқу миллатамон талош варзанд.

Ҷавонони замони муосир худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастиро хуб дарк карда қавиирода мебошанд.

Бинобар гуфтаҳои боло қайд кардан ба маврид аст, ки мардум ниёз ба ҲНИ надорад. Ба мо маълум гардид, ки ҲНИТ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ ба ҳама кор қодир аст.

Албатта дар рӯзи қиёмат барои ин гурӯҳҳои тафриқаандоз азоби дарднок аст. Чунончи маълум мегардад, ташкилоти ифротии ҲНИ зери ин ваъиди илоҳӣ қарор мегирад, зеро аксари мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусулмон мебошад ва аъзои ҲНИТ дар байни мусулмонон тафриқа андохта, худашонро як ҳизби алоҳида эълон намуда, дигаронро ба мунофиқӣ ва фосиқӣ гунаҳкор мекарданд. Вале дар асл чигуна будани мақсади онҳо маълум шуд, зеро офтобро бо доман пӯшонда намешавад.

Терроризми динӣ низ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд. Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи инсон ва озодии виҷдон ҳифз карда шудааст, дин озод аст ва ҳар кас метавонад озодона вазифаҳои диниашро адо намояд. Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон мардумро ба ду гурӯҳ тақсим намуд ва вазъияти ҷумҳуриро ноором сохт. Бинобар ин, ба ҷазои илоҳӣ ва нафрати мардум гирифтор шуданд.

Моро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, барои ободӣ ва пешрафту тарақиёти Ватани азизамон ва дини муқаддасамон тамоми ҳастиамонро ба харҷ диҳем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ