Аз Озодиталабӣ то ба «Босмачигарӣ»

Муддате чанд аст, ки тавассути расонаҳои гуногуни хабарӣ хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳад ба фазои Истиқлолияти давлатӣ ва оромиву осудагӣ фитна андозад.

Дар баромади навбатии худ ў аз босмачиҳо бо ҳасрат ёд мекунад ва онҳоро «мубориз», «истиқлолиятхоҳи миллӣ» ва «баору баномус» меномад. Дар баробари ин ў идеологияи Шӯравиро бадном карда мегўяд, ки гӯё ҳаракати «озодихоҳонаи» босмачиҳоро қасдан бадном карда бошад. Аммо ин беору номус ба хотир намеорад, ки дар замони Шӯравӣ ӯ мисли садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар аз тамоми имкониятҳо ба таври ройгон бархӯрдор буд, бепул табобат мегирифт, истироҳат мекард, дар мактаби миёна, техникуми омор, донишгоҳ бепул таҳсил карда буд.

Кабирӣ босмачиҳоро «падару бобоёни баномус»-и худ меҳисобад ва мехоҳад, ки аз онҳо «қаҳрамон» сохта шавад. Зеро ба ақидаи вай, онҳо гӯё барои ҳифзи истиқлолият мубориза бурда буданд. Ва дар ин маврид Ҳукуматро танқид ҳам мекунад, ки то ҳануз барои сафед кардани номи босмачиҳо коре накардааст.

Аммо ба ҳама маълум аст, ки босмачиҳо киҳо буданд ва барои чӣ мубориза мебурданд. Ҳаракати босмачигарӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори сиёсӣ ва ҳарбии хориҷӣ бар зидди Ҳукумати Шӯравӣ ташкил ёфта дастгирӣ мегардид ва фаъолияти онҳо ҳаргиз ба манфиати миллати тоҷик набуд. Босмачиҳо ғайр аз қатлу ғорати бераҳмона дар ҳудуди Тоҷикистон ягон амали дигаре анҷом надодаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ мақсади сохтани давлати миллии Тоҷикистонро надоштанд, балки бо истифода аз дину мазҳаб ҳадафҳои геополитикии кишварҳои қудратманди дигарро татбиқ мекарданд. Агар онҳо ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ мебуданд, аз ҷониби мардум дастгирӣ меёфтанд. Лекин баръакс, тамоми аҳолӣ он замон Ҳукумати Шӯравиро дастгирӣ карда, бар зидди босмачиҳо мубориза мебурд.

Дар тадқиқотҳои худ олими намоёни тоҷик Атахон Сайфуллоев хеле бамавқеъ овардааст:

«Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд. Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд».

Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин нохалафон аз давраи буданашон то ба имрўз барои як мақсад – талаву тороҷи мардуми бечора равона буданду халос. Ба маълумоти «босмачӣ»-бехонаву дари замонаи нав мерасонем, ки агар қурбу қудрат доред, бо роҳи оромиву осоиштагӣ баҳри ободии мардуми боҳиммати тоҷик дар камари ҳиммат бандед на даъвои мансабу чизу чора.

Шарипова М.- дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ